Сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки хонаҳояшон ба тартиби шоҳмот ҷойгир шудаанд, кӯчонида мешаванд, гуфт президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар суҳбат бо хабаргузории давлатии Қирғизистон “Кабар”.
Ба гуфтаи Жапаров, дар марз деҳаҳое ҳастанд, ки “чун тахтаи шоҳмот ба ҳам омехта ҷойгир шудаанд”. Вай қайд намуд, ки ин масъала аллакай ҳал шудааст.
“Агар дар тарафи мо хонаҳое бошанд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, ҷониби Тоҷикистон онҳоро мекӯчонад. Агар хонаҳои мо дар тарафи онҳо бошанд, мо шаҳрвандони худро мекӯчонем. Мо ба онҳо дар ҷои дигар хонаҳо месозем ва андозаи қитъаҳои замин ҳатман ба назар гирифта мешавад.
Ҳамин тариқ, масъала бо назардошти ҳар як метри замин ҳал карда шуданд”,- гуфт Жапаров.
Ҷонибҳо ба созиши дутарафа расиданд ва ҳоло корҳои дуҷониба оид ба ҳуҷҷатгузорӣ идома доранд, таъкид кард президенти Қирғизистон.
“Пас аз ҳамаи ин расмиёт созишнома аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар тасдиқ карда мешавад.
Баъдан, мо, президентҳои ду кишвар, ҳуҷҷатро имзо хоҳем кард. Сипас табодули нотаҳо сурат мегирад ва танҳо баъд, 1-2 соли дигар, корҳои демаркатсия гузаронида мешаванд.
Танҳо пас аз ин раванд пурра ба анҷом мерасад”,- илова кард Жапаров.
Ҳафтаи гузашта 400 нафар сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳҳои наздимарзии ду кишвар ҳашари дастаҷамъона баргузор карданд.
Дар ин ҳашар сокинони ду кишвар роҳ ва ҷуйборҳои гузаргоҳи “Гулистон”-и Исфара ва “Қизил-Бел”-и Бодкандро аз партовҳо тоза карда, пас аз поккорӣ сокиноҳи ҳарду тараф “оши дӯстӣ” хӯрданд.
Зубайдулло Шомадов сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, техникаҳо аллакай кори ҳамворкунии роҳро оғоз кардаанд ва дар рӯзҳои наздик асфалтпӯшкунии роҳҳо шурӯъ мешавад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи декабри соли гузашта аз анҷом ёфтани раванди муайянсозии хати сарҳади ҳарду кишвар хабар доданд ва гурӯҳҳои корӣ дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии таъйини марз машғул мебошанд.
Чанд рӯз пеш Қамчибек Ташиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ дар масъалаи марзи ду кишвар гуфт, масъалаи сарҳад то охири моҳи январ ба охир мерасад ва дар арафаи иди Наврӯз сарони ду кишвар онро тасвиб мекунанд.