Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0922.01.2025
Дар роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, як мошини тамғаи “Мерсадес” зери он мондааст. Ҳодиса имрӯз, 22-юми январ дар километи 67-уми ин роҳ рух додааст, хабар медиҳад ширкати IRS.
Гуфта мешавад чор мусофири мошин аз зери тарма берун оварда шуд. Онҳо ҷароҳат бардоштаанд ва ба беморхона интиқол дода шуданд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки шимоли кишварро ба марказ мепайвандад, имрӯз тарма фаромадааст, ки дарозии яке аз онҳо 40 метр ва баландиаш 4 метр будааст.
Ҳоло роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати ҳама гуна нақлиёт кушода аст.
Ширкати IRS аз ронандагон даъват мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Читайте также
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
21 часов назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
23 часов назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
4 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
4 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
6 дня назад