Мавқеъи Ӯзбекистон вобаста ба Донбасс: Истиқлолияти Донетск ва Луганскро намепазирем

Мавқеъи Тоҷикистон дар ин бора то ҳол норӯшан аст.


Акс аз сомонаи uznews.uz

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни суханронии худ дар ҷаласаи умумии Сенати Олии Маҷлиси ҷумҳурӣ, масъалаҳои марбут ба рӯйдодҳои Украинаро матраҳ кард ва гуфт, ки Ӯзбекистон мустақилияти Донетск ва Луганскро рад мекунад.

Тавре хабаргузории “UzNews.uz” менависад ӯ гуфтааст, “вазъ дар атрофи Украина мояи нигаронии ҷиддии Ӯзбекистон аст”.

Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон ҷонибдори ҳалли низоъ бо роҳи дипломатӣ аст.  Комилов даъват кард, ки амалиёти ҷангӣ қатъ карда шавад.

Вазир таъкид кардааст, ки кишвараш дар таърих бо Русия ва Украина равобити гуногунҷанба дорад ва аз ин рӯ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҳар ду кишвар идома дода, ба Киев кумакҳои башардӯстона мерасонад.

Комилов гуфтааст: “Мо Донетск ва Луганскро ҳамчун ҷумҳуриҳои ҷудогона эътироф намекунем”.

Ҳамчунин ӯ афзудааст, ки Ӯзбекистон истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти марзии Украинаро эътироф мекунад.

То ин дам ягон кишвари Осиёи Марказӣ мавқеъи худро нисбати истиқлолияти Донбасс эълон накарда буданд. Аммо Қазоқистон алакай ба Украина ёрии башардӯстона фиристод.

22 – юми феврали соли ҷорӣ президенти Русия бо имзои якчанд қарор истиқлолияти Донбассро пазируфта, пас аз ду рӯз дар Украина амалиёти ҷангиро оғоз намуд.