fbpx

Ӯзбекистон гузаргоҳи сарҳадии “Ҷартеппа”-ро 11 рӯз мебандад

бисёре аз ВАО муваққатан баста шудани гузаргоҳро ба нишасти қарибулвуқӯи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Самарқанд рабт медиҳанд.


0

Равуои шаҳрвандони ва воситаҳои нақлиёт тариқи гузаргоҳи “Ҷартеппа”-и Ӯзбекистон маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Азия плюс  бо истинод ба daryo.uz.
Сабаби муваққатан баста шудани гузаргоҳ таъмири асосӣ ва ободонии он бо мақсади “фароҳам овардани шароити мусоиду бароҳат барои мусофирон” шарҳ дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудият ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам воситаҳои нақлиёт дахл дорад.
“Истисно инҳоянд:
– кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;
– аъзои ҳайатаҳои расмӣ (давлатӣ);
– кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;
– ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;
– шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;
– шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд”, – зикр мешавад дар хабари нашрия.
Дар ҳамин ҳол, бисёре аз ВАО муваққатан баста шудани гузаргоҳро ба нишасти қарибулвуқӯи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Самарқанд рабт медиҳанд. Қаблан Ӯзбекистон фурудгоҳро ба муддати 3 рӯз баста, оғози соли хонишро дар мактабҳои миёнаву олӣ ба 19 сентябр гузаронид.
Дар Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе ВАО-ро дар мавриди баста шудани роҳҳо замони баргузории нишаст рад намуда, изҳор доштанд, ки “зимни зарурати маҳдуд кардани ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд, маълумот дар ин хусус дар саҳифаҳои расмии Раёсат нашр хоҳад шуд”.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend