fbpx

“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба обшавии пиряхҳои Тоҷикистон

Масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар филм бо такя ба таҳқиқоти 20 соли ахири олимони соҳа асоснок карда шудааст.


3
3 points
Пиряхи Ванҷях (Федчаенко). Акс аз манбаъҳои интернетӣ

Оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанад бо номи “Заволи пиряхҳо” ба навор гирифта шуд. Пиряхҳои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Коргардони ҷавони тоҷик Одина Маҳмад, ки ин филмро сабт кардааст мегӯяд, дар он яке аз мавзӯҳои муҳим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон баррасӣ шудааст.

Масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим дар филм бо такя ба таҳқиқоти 20 соли ахири олимони соҳа асоснок карда шудааст.

“Дар филм графикаҳои 3D ва инфографика истифода шудаанд, ки ин ба тамошобинон имкон медиҳад, то пайомадҳои экологӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлимро равшантар дарк кунанд. Ҳоло филмҳои мустанад воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки имрӯз инсоният рӯ ба рӯ шудааст”,- гуфт Одина Маҳмад.

Филм дар 7 моҳ омода шуда, муаллифи он Некрӯзи Ҷалилиён ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.

Дар омода кардани филм инчунин, Кумтаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ, Агентии обуҳавошиносӣ ва Маркази пиряхшиносии АМИТ ҳамкорӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон 60% захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва тағйирёбии иқлим ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таъсир мерасонад. Чунин филмҳо метавонанд дар ин маврид баҳсҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд ва ба қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ояндаи инсоният равона шудаанд, таъсир расонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend