Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0515.08.2024
Заур Дахте филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расид. Ӯ 18-уми август 88-сола мешуд.
Дар ин бора "Азия-Плюс" хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ӯ худ мошинро идора мекард ва дар ҳамроҳаш ҳамсару фарзандонаш ҳам буданд, ки ҷон ба саломат бурдаанд. Мошини онҳо ба як мошини боркаш бархӯрдааст.
Ҷаноза пагоҳ, 16-уми август соати 12:00 дар кӯчаи Нусратулло Махсум 73/3 баргузор мешавад.
Заур Дахте 18-уми августи соли 1936 дар Доғистон ба дунё омадааст. Дар овони кӯдаки дар Эрон зиндагӣ ва таҳсил намуда, баъдан ба Русия меравад. Баъдан ӯ барои кор ба Душанбе омада, пас аз хатми факултети наворбардории Донишгоҳи синамои шаҳри Москва (ВГИК) корро дар “Тоҷикфилм” идома медиҳад.
Заур Дахте дар наворгирии филмҳои “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” саҳми зиёд дорад.
Ӯ инчунин наворбардори филмҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), "Намоиш" (1976), "Мирзо Турсунзода-70" (1981), "Маликаи мо" (1983), "Вохӯриҳои моҳи сентябр" (1987) ва ғайраҳо мебошад.
290 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
1 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
7 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад