Раиси Суди олии Тоҷикистон, Шермуҳаммади Шоҳиён дар мавриди рафтори Зоҳир Муъминзода, собиқ раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин изҳори назар карда, онро “ташвишовар” ва “зарба” ба обрӯву эътибори ин ниҳод номидааст.
Ба навишати Радиои Озодӣ, ӯ рӯзи 8-уми август дар нишасти матуботӣ гуфтааст, мавод, аз ҷумла сабти ҳодиса ба Суди олӣ пешниҳод гардидааст.
“Маълум гашт, собиқ раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нисбати сарбозе, ки санҷиши ҳуҷҷатҳоро мегузаронид, рафтори ғайриқонунӣ мекунад. Сарбозро латукӯб мекунад. Дар натиҷа сарбоз ҷароҳат бардоштааст”,- шарҳ додааст Шоҳиён.
Рӯзи 18-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ, рафтори Зоҳир Муъминзодаро нисбати сарбози қушунҳои сарҳадӣ “ношоиста ва ғайриоинномавӣ” номида, таъкид намуд, ки Муъминзода “натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.
Шермуҳаммади Шоҳиён кори кардаи собиқ раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро, бисёр нигаронкунанда номидааст, вале гуфтааст, дар давоми кораш “ба камбудҳои ҷиддӣ роҳ надода буд”.
“Мавод мавриди баррасии Прокуратура қарор дорад. Ҳоло гуфта наметавонам, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ё не. Дар ҳар сурат, ин ҳодиса ба обрӯву эътибори мақомоти судӣ таъсир мерасонад”,- афзудааст Раиси Суди олӣ.
Рӯзи 8-уми июл сарбозони марзбон ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба маркази ноҳия мошини ӯро тафтиш мекунанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳаш санадҳояшро барои шиносоӣ пешниҳод кунад. Раиси суд баҳс мекунад ва аз мошин берун шуда, Фирӯз Атовуллоев, сарбози Нерӯҳои марзбониро мушт мезанад.
Зоҳир Муминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд. Пеш аз ин, Муъминзода судяи Суди вилояти Хатлон буд.