logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Зарари сел дар Урметан ва дигар минтақаҳои вилояти Суғд

Оқибатҳои офати табиӣ бартараф мегарданд.

Your tj

14:5831.07.2023

Зарари сел дар Урметан ва дигар минтақаҳои вилояти Суғд

Сели рӯзи 28-уми июл дар чанд ноҳияи вилояти Суғд ба аҳолӣ зарар расонд. Танҳо дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ 161 хонавода аз офати табиӣ осеб дидаанд.

Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расонида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст.

Кӯчаҳои Урметан баъди сел

Акс аз КҲФ

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешвад, аз ҷониби мақомоти ноҳияи Айнӣ зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техника барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида, инчунин тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои деҳаи Урметан аз гилу санг сафарбар карда шуданд.

“Аз 29 июли соли равон 3 нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ барқарор карда шуда, аҳолӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд”,- иттилоъ додааст манбаъ.

Ба иттило КҲФ дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техника ва 270 нафар сокинони деҳот роҳҳои байнидеҳавӣ, селроҳа ва биноҳои истиқоматӣ аз гилу санг тоза карда шуданд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ҳамчун ёрии таъҷилӣ ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон расонида шуд.

Мақомоти шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд барои аҳолии осебдида маводи ғизоӣ - орд, биринҷ, равғани растанӣ, макарон, гӯшти гов, тарбузу харбуза - ва дигар мавод, аз ҷумла як кампал ҷудо ва дастрас намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айниро идома доранд.

Сел ҳамчунин дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен ва Лахш хисорот овардааст.

Дар шаҳри Панҷакент борони шадид боиси омадани сел дар ҳудуди деҳаҳои Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҷамоати деҳоти Амондара шудааст.

Дар натиҷа роҳҳои байни деҳаҳо, заминҳои кишовразӣ дар қаламрави деҳаҳои Рой, Раводии фамоати деҳоти Амондара зарар дидаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ