fbpx

Зани ҳомиладоре дар Узбекистон худро оташ зад. Латукӯби бераҳмонаи писар аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Мухтасари хабарҳои рӯз.


2
2 points
Автомобили зане, ки худро оташ зад

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои латукӯби писараш айбдор аст

Дар Русия ба марди 33-солаи шаҳрванди Тоҷикистон барои латукӯб, бо ресмон бист зарба ба пушт задан ва қошуқро болои бухорӣ гарм карда, ба дасти писари 12-солааш гузоштан бо ду модда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зӯроварӣ ба кӯдак
Акси марбута аз интернет.

Кумитаи тафтишотии Русия ба далели “латукӯб ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои тарбияи фарзанд” аз ҷониби шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, нисбати ӯ бо моддаҳои 115 ва 156-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбар аввал пулти телевизорро ба рӯйи писари 12-солааш партофта, сипас бо ресмон бист зарба ба пушти кӯдак зада, баъд аз он қошуқро болои бухорӣ гарм карда, ба дасти ноболиғ гузоштааст.

Ҳодиса рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Калинингради Русия рух дода, ному насаби гумонбар зикр нагардидааст, гуфта мешавад, “наврас аз дасти падар фирор карда, худро аз тирезаи ошёнаи дуюми хона ба берун партофт”.

“Дар шаҳри Калининград таваҷҷӯҳи раҳгузаронро ноболиғе, ки нимпӯшида дар кӯча медавад, ҷалб кардааст. Шоҳидони айнӣ гуфтанд, кӯдак аз рафтори хашмгинонаи падараш, ки ӯро бо ресмон латукӯб мекард, аз тирезаи ошёнаи дуюм ба берун парид”, – омадааст дар хабар.

Ҳоло писарбача дар беморхона бистарӣ буда, вазъи ӯ миёна арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин хонавода қаблан дар сабти номи мақомоти корҳои дохилӣ набудаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия менависад, “парвандаи ҷиноятии зикршуда, аз тарафи тафтишот бо сабаби эътирози зиёди аҳли ҷомеа ва бо назардошти манфиати ноболиғ боз карда шудааст”.

Айни замон нисбати шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон бо айбномаи “қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ” ва “иҷро накардани ӯҳдадориҳои тарбияи ноболиғ” дар боздоштгоҳ аст.

Муовини раиси вилояти Суғд гуфт, “шашгоникҳо аз хунукназарии масъулини ҳамаи ниҳодҳои дахлдори вилоят фавтиданд”

Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд зимни як ҷаласа ба қазияи фавти шашгоник дар таваллудхонаи вилоятии Суғд таваҷҷуҳ карда, гуфтааст, “онҳо аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии масъулини ҳамаи ниҳодҳои дахлдори вилоят, аз ҷумла духтурон фавтидаанд”. Ҷаласа 25 – уми январ бо иштироки масъулини кор бо занон ва оилаи вилояти баргузор гардид.

Муовини раиси вилояти Суғд
Зайнура Азимӣ

Ӯ аз ҳамкории зич надоштани мақомоти вилоят изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, “дар робита ба фавти шашгоник масъулини соҳа дар ҳамкорӣ барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб кор накарданд”.

“Агар мушкилоти одӣ  саривақт ба гӯши  масъулини мақомот мерасид, пас ҳал мегардид. Аммо имрӯз вазъ дигаргун аст”, – гуфтааст ӯ.

Зайнура Азимӣ дар ҷаласа сабабҳои афзоиши кирдорҳои номатлубро аз саҳлангории баъзе аз кормандони бахши кор бо занҳо медонад.

“Роҳбарони бархе аз сохторҳо ҳангоми иҷрои вазифа масъулияти худро эҳсос намекунанд. Ва ин боиси зиёд шудани ҳолатҳои номатлуб ва бештар ба қайд гирифтани рақамҳои омории ҷиноятсодикурниву мушкилот мегардад. Норасоии кадрҳо, набудани шахсони масъули соҳа боиси бештар шудани кирдорҳои номатлуб мегардад”, – афзудааст Зайнура Азимӣ.

Гуфта шуд, ки маҳз аз бемасъулиятӣ дар соли 2022 се ҳолати фавти модар ҳангоми таваллуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум зиёд аст.

Соли 2022 дар вилояти Суғд 12 зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 камтар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд санаи 10-уми январ шашгоник ба дунё омад ва пас аз як рӯз ҳамаи онҳо фавтиданд. Ин аввалин ҳолати тавдили шашгоникҳо дар кишвар буд ва хеле пурсарусадо шуд.

Шашгоник дар Хуҷанд фавтиданд.
Шашгоники фавтида

Духтурон ва масъулини Вазорати тандурустӣ сабаби марги шашгоникро вазни кам ва норасид таваллуд шудан унвон карданд. Аммо наздикони шашгоники фавтида омили даргузашти навзодонро саҳлангории духтурон гуфтанд.

Пас аз 8 рӯзи ин ҳодиса роҳбари беморхона Нурӣ Дадобоеваро ба нафақа гусел карданд. Аммо то ҳол масъалаи фавти шашгоник чун мушкили доғ дар бахши тандурустии кишвар баҳсбарангез аст.

Кушта шудани 67 корманди расонаҳо дар саросари ҷаҳон дар соли 2022

Давоми соли 2022 дар саросари дунё 67 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Ин болотарин талафот аз соли 2018 ба ин тараф аст. Дар ин бора дар гузориши тозаи Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) хабар дода шудааст.

Корманди ВАО дар ҳолатҳои ҷанг
Акс аз интернет.

Ба иттилои CPJ, ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои Украина 15 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки 13 тани онҳо ҳангоми ҷамъоварии иттилоъ ва ё гузориш додан кушта шудаанд.

Созмон менависад, бештар кушторҳо дар ибтидои ҷанги Русия зидди Украина сурат гирифтаанд. Охирин куштори корманди расонаҳо дар Украина дар моҳи майи соли 2022 рух дод. Он замон наворбардори фаронсавӣ Фредерик Леклерк-Имхофф дар автобуси ҳомили украинҳо аз бомборони Русия фирор мекард. Вай захмӣ шуд ва дертар фавтид.

Бархе аз рӯзноманигорон гуфтаанд, низомиҳои Русия онҳоро барқасдона ба ҳадаф мегиранд, омадааст дар гузориши CPJ.

Хатарноктарин минтақа барои рӯзноманигорон дар соли 2022 Амрикои Лотинӣ будааст. Дар ин минтақа дар маҷмуъ 30 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо кушта шудаанд. Ҳамаи онҳо ба инъикоси мавзӯъҳое аз қабили ҷинояткорӣ, фасодкорӣ, хушунати гурӯҳҳои ҷиноӣ ва мушкилоти муҳитзистӣ машғул буданд.

Зани ҳомиладоре дар Узбекистон худро дар дохили автомобил оташ зад

Дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон як зани ҳомиладор ҳангоми муноқиша бо шавҳараш дар дохили автомашинаи Matiz худро оташ задааст. Ба UzNews.uz ҳодиса шоми 24 январ баъди як муноқишаи лафзӣ байни зану шавҳар ба амал омадааст. Онҳо аз таваллудхона бармегаштанд.

Автомобили зане, ки худро оташ зад

Вақте ки дар назди варзишгоҳи “Нефтчӣ” мошини онҳо таваққуф мекунад, зан аз зарф (баклажка) ба сару тани худ ва шавҳараш бензин мерезад. Мард тарсида, аз мошин худро берун мегирад, зан бошад, бо оташафрӯз (зажигалка) худро оташ мезанад.

Дар натиҷа зани ҳомиладор ҳалок мешавад.

Кормандони хадамоти оташнишонии ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда оташро хомӯш кардаанд. Табибони ёрии таъҷилӣ талош варзидаанд, ки кӯдаки навзоди писари занро наҷот диҳанд. Лекин ӯ дар бемористон фавтидааст.

Мақомоти прокуратураи Фарғона нисбати мард мутобиқи моддаи “то худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend