Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Нигора Рустамҷоновнаро, ки моҳи ноябри соли гузашта дар яке аз марказҳои саломатӣ кӯдаки навзодеро рабуда буд, ба ҳудуди 10 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Тавре ин ниҳод менависад, Нигора Рустамҷоновна 30 ноябри соли 2021 бо нақшаи пешакӣ терҳрезӣ намуда, ба Маркази саломатии 13 меояд, то ягон кӯдаки навзодеро рабояд.
“Дар Маркази саломатии зикршуда ӯ бо шаҳрванд Назарова Манзура, санаи таваллудаш 19 июли соли 2002, ки кӯдаки ду моҳаашро барои муоинаи асабшинос оварда буд шиносои пайдо карда, бо мақсади рабудани фарзандаш ба боварии номбурда даромада, худро ҳамчун инсони ростқавл ва кӯмакрасон нишон дода ва бо ҳамроҳ и ӯ назди духтури асаб медарояд”, – менависад, Додситонии кулл.
Сипас, ӯ ба Манзура Назарова гуфтааст, ки янгааш дар маркази саломатии мазкур ба сифати духтур фаъолият мекунад ва зарур аст писарашро ӯ аз муоина гузаронад.
” Ахмедова Н.Р. бо роҳи фиреб ба боварии Назарова М.Р. даромада, кӯдакашро аз дасташ гирифта, бо баҳонаи он, ки барои муоина дастпушак зарур аст, Назарова М.Р.-ро барои харидани дастпушак ба дорухонаи берун аз марказ равон кардааст. Ӯ аз фурсат истифода бурда, кӯдакро гирифта мегурезад”, – омадааст дар хабари Додситонӣ.
Сипас, ӯ кӯдакро ба манзили истиқоматии волидонаш, вокеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, бурда, ин кӯдакро ба хешу табори худ ҳамчун кӯдаки нав таваллудкардааш муаррифӣ намудааст.
Баъдан, ӯ худи ҳамон рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Ват-сап” ба шавҳараш Абдуллоев Разиуллоҳ Саидович, ки дар Федератсия Россия қарор дошт, аксҳои кӯдак Ҷалолов А.Ю.-ро равон карда, муборакбодӣ намудааст, ки гуё фарзандор шудаанд.
Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, нисбати Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон првандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ба суд ирсол кардааст
Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмнсури шаҳри Душанбе, аз 20 январи соли 2022 Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, бо моддаи 130 қисми 2 банд “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба мӯҳлти 9 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумй таъин карда шудааст.