fbpx

Зане дар Турсунзода барои куштори амакаш дар ҳолати мастӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз


1
1 point

700 ҳазор нафар Русияро баъди эълони сафарбаркунӣ тарк кардаанд

Ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди Русия баъди эълони сарфарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ин кишварро тарк кардааст. Дар ин бора маҷаллаи “Forbes” бо истинод ба манбаи худ дар маъмурияти президенти Русия хабар дод.

Манбаи маҷалла дар Кремл гуфтааст, аз оғози маъракаи сафарбаркунӣ дар Русия 1 миллион нафар ин кишварро тарк кардааст. Вале як манбаи дигари маҷалла дар маъмурияти президенти Русия гуфтааст, шумораи берунрафтаҳо 600-700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамсуҳбати маҷалла дақиқ кардани онро ки чи қадари русиягиҳо бо ҳадафи сайёҳӣ ба хориҷ рафтаанд, номумкин номидааст.

Пештар вазири умури дохилии Қазоқистон хабар дода буд, ки аз 21-уми сентябри имсол то ба имрӯз беш аз 200 ҳазор русиягӣ вориди он кишвар шудааст.

Зане дар Турсунзода барои куштори амакаш дар ҳолати мастӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода нисбати шаҳрванд Сайфутдинова Дилбар Шавкатовна бо иттиҳоми куштор ҳукм содир кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ҳангоми тафтиши пешакӣ муайян шудааст, ки 11 июни соли 2022 шаҳрванд Дилбар Сайфутдинова дар ҳолати мастӣ ба назди тағояш, ки танҳо зиндагӣ мекард, рафтааст. Азбаски дар байни ҷиян ва амак муноқишаи тӯлонӣ вуҷуд дошт, Д.Сайфутдинова бо мақсади куштани амакаш Ҷаҳонгир Сайфутдинов ба хонаи амакаш меравад. Мард низ маст буд.

Зан ба рӯйи амакаш мезанад, ки дар натиҷа ӯ афтода сарашро ба чорчӯбаи дар мезанад ва аз ҳуш меравад.

Зан аз ин фурсат истифода бурда, бо пояш гулӯи амакашашро буғӣ карда, ӯро ба ҳалокат мерасонад. Баъдан ҷасадро бо қолин печонида, ба хонаи модараш меорад ва мегӯяд, ки амакаш аз нӯшидани машруботи зиёд фавтидааст.

Аммо дере нагузашта тамоми ҳолатҳои марги ин мард муайян карда шуда, нисбати Дилбар Сайфутдинова тибқи моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Турсунзода ин зан барои адои ҷазо дар колонияи ислоҳӣ ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Муҳокимаи хушдомане, ки ба марги арӯс муттаҳам аст

Додгоҳи ноҳияи Файзобод рӯзи 5-уми октябр ба баррасии парвандаи Бибикалон Назирова, сокини 51-солаи ин ноҳия, оғоз кард. Ӯ ба марги келинаш гумонбар аст. Назирова моҳе пеш дастгир шуд.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини ин занро соли гузашта дар хонааш ва бо 26 зарби корд ёфтанд. Мақомот дар аввал гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Павандонаш аз оғоз ба худкушии ӯ шубҳа доштанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони зан аз ӯ хостаанд, ки аз “гуноҳаш” гузарад. Ӯ гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талошро хоҳад кард ва аз аризаи худ даст нахоҳад кашид.

“Ҳоло талош доранд, ӯро бемор вонамуд карда, ҷазояшро сабук кунанд ё озод намоянд. Ташхисҳои аввал ӯро солим нишон додаанд. Бовар дорам, ки додгоҳ ҳукми одилона содир мекунад ва барои хушдоманҳои дигари келинозор дарси ибрат мегардад,” – афзуд ӯ.

Мақомот ва наздикони зани боздоштшуда Бибикалон Назирова дар ин бора суҳбат накарданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд ва эълон кард, ки тафтиши он давом дорад.

Дар Тоҷикистон худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои “ба худкушӣ расонидан” ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, “бемори равонӣ” номида мешавад.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад.

“4 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст”, – навиштааст манбаъ.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаюмов К.М. ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ афзудааст, ронандаи автомашинаи дигари тамғаи «Опел-Астра», Зулфонов О.Н. ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend