Зане барои латукӯби писарандари 10-солааш боздошт шуд


Бар асоси як навори латукӯби кӯдак, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ҳамчун гумонбар сокини ноҳияи Қубодиён дастгир шудааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зани 34-солаи сокини деҳаи Шоғарфи ноҳияи Қубодиён Гузалхон Буриева писарандари 10-солааш Иброҳим Мамараҳимовро  латукӯб кардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи наворҳои паҳншуда аз мақомот боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани занро талаб карданд.

ВКД нисбати зан маводи зарурӣ тартиб додааст ва гуфта мешавад, он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Моҳи майи соли ҷорӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон  нисбати Холиса Шоева, як сокини ноҳияи Данғара низ барои задани фарзанди хурдсолаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.