Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
"Занашро ба марг расонд". Дар Ҳамадонӣ марде баъди латукӯб ва марги ҳамсараш боздошт шуд
Дата публикации: 12:4710.12.2025
Як сокини 49-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
Ба иттилои ВКД, ин мард, ки қаблан бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, рӯзи 5 декабр дар манзили худ бо ҳамсараш зани 46-сола баҳс карда, ӯро бо дасту пой ва калтакчӯб ба шиддат латукӯб намудааст.
Рӯзи 6 декабр тақрибан соати 20:30 вазъи ҷабрдида вазнин шуда, дар ҳамон хона ҷон бохтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад