Мадина Қурбонова дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо саҳнаҳои ҳаҷвии Шоу “Дугонаҳо” маъруфият пайдо кард. Ҳамзамон, ҳунарнамоӣ кардан дар намоҳангҳои сарояндаҳо ӯро дар миёни ҷавонон боз ҳам шинохтатар гардонид. Блоги духтарак дар шабакаи иҷтимоии Instagram фаъол буда, @cherrryw__ ном дорад. Муаллифи блог чанде пеш бо ҷавони рэпсаро Сиёвуш Қурбонов @c.one_tj оила барпо карда, имрӯз низ дар самти блогинг фаъолият дорад.
Дар суҳбат бо Your.tj Мадина Қурбонова чанд паҳлӯи зиндагияшро, аз ҷумла, таҷрибаи аввалин аз оиладорӣ, саҳми лоиҳаҳо барои пешравияш дар соҳаи медия, самараи ҳамкорӣ бо дигар блогерон ва қадамҳои нахустинаш дар ҷодаи блогингро ҳисса кард.
Пеш бурдани блогинг баъд аз хонадоршавӣ
Қаҳрамони мо мегӯяд, пас аз оиладорӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул шудан каме душвор аст. Аллакай, дар ин марҳила пурмасъулият будан ҳатмист. Ӯ дар идома низ саҳифаи худро фаъол хоҳад кард. Акнун ният дорад, ки бо ҳамроҳии шавҳараш контентҳои хубтару беҳтар офарад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ҳоло ман шавҳар ва оила дорам. Қаблан на он қадар аҳамият медодам, ки чӣ либос пӯшидаам, чӣ хел муошират дорам, дар назди камера чӣ гуна рафтор мекунам. Акнун ба ҳамаи ин таваҷҷуҳи бештар дорам. Албатта, касе маро сарзаниш намекунад.
Мехоҳам, ки назар ба пешина қадре ботамкин бошам. Аз рӯи таҷрибаи андаки худ мегӯям, бигзор, феминистҳо маро қазоват кунанд, зан дар баъзе ҳолат бояд бештар; гузашт кунад, бар ивази ҷанҷоли бефоида сукут кунад, пуртоқат бошад. Ҳамзамон, намегӯям, ки занон дар ҳолатҳое, ки ба саломатӣ ва ҳаёташон хатар таҳдид мекунад, ором бошанд”,- изҳор дошт блогер.
Мадина дар айни ҳол барои оилааш вақти зиёд сарф мекунад. Дар вақтҳои холӣ барои блогерҳои дигар сенария менависад. Барои навиштани сенарияи лоиҳаи ҷиддие имкон надорад. Умедвор аст, ки ба наздикӣ бо идеяву лоиҳаҳои ҷолиб обуначиёни худро ба ҳайрат меорад.
“Ҳамроҳи шавҳарам – Сиёвуш Қурбонов орзу доштем, ки дар Истанбул зиндагӣ кунем. Шукр, ки алҳол дар ин шаҳр ҳаёти осоишта дорему кори саҳифаҳоямонро пеш мебарем. Ҳамсарам дар пешбурди ҳама кор бароям ангеза медиҳад”, – гуфт ӯ.
“Агар Шоу “Дугонаҳо” намебуд…”
Мадина Қурбонова пас аз хатми синфи 9 ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Ӯ бар ин бовар аст, ки маҳз ба шарофати ин коллеҷ бо одамони хуб шиносоӣ ёфт. Бо духтарони коллеҷ дар маҳфилҳои КВН ширкат мекарданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Нахуст дар намоҳангҳо нақш бозидам. Як дугонаам маро бо намоҳангсозон шинос кард. Дар чанд таронаҳо образҳои гуногунро офаридам, аз ҷумла, нақши духтараки замонавӣ, арӯсаки қобилу анъанавӣ ва ғайра. Ҳамин тариқ, пешниҳодҳо барои таҳияи реклама ва сабти клип-таронаҳои нав пайдо мешуд. Баъдан бо чанд духтаракон, ки дар коллеҷ маҳфили КВН доир мекардем, ба шоуи “Дугонаҳо” ҷалб шудем”,- илова кард Мадина.
Тавре блогер ёдовар шуд, ба Шоу “Дугонаҳо” ӯро намояндаҳои гурӯҳи “Tajik show” даъват карда буданд. Ҳар рӯзи наворбардорӣ барояш хотирмон буд. Кулли аъзои гурӯҳ ҳаҷвнигор буданд, барои ҳамин касе дар давраи онҳо дилгир намешуд.
“Бовар дорам, ки агар Шоу “Дугонаҳо” намебуд, блогер намешудам ё ба ин сатҳе, ки имрӯз расидам, наздик шуда наметавонистам. Ба ҳар нафаре, ки дар рушд ёфтани ин лоиҳа саҳм гузоштаанд, сипос мегӯям”,- иқрор шуд блогер.
Имкониятҳои нав дар Душанбе
Мадина то аз шаҳри Хуҷанд кӯчидан чанд бор ба пойтахт омада буд, аммо ду-се рӯз меистоду бас. Вале пас аз соли 2020, ки пурра ба Душанбе кӯчид, шаҳрро ба таври дигар дарёфт. Шаҳре, ки имкониятҳои зиёд дорад, писандаш омад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Дар ин шаҳр бо блогерон Фозилов ва Рафаэл шинос шудам. Бо онҳо якҷо кор кардан бароям маъқул шуд. Вақте бо блогнависон Азик (Азиз Рӯзиев) ва Баҳора Рӯзиева кор мекунам, худро роҳат ҳис мекунам. Ба фикри ман, имрӯз блогерони мо хеле талош доранд, ки мухотабонашонро бо контентҳо шоду хурсанд кунанд. Барои ин бисёр вақт ва заҳмат сарф мешавад. Вақте аудитория онро хуш қабул мекунад, завқу ҳавсалаи блогер барои контентофарӣ зиёдтар мешавад”,- гуфт Мадина.
“Худро актриса намеҳисобам”
Мадина Қурбонова дар даҳҳо клип-таронаҳо нақш иҷро кардааст. Охирон клипе, ки ҳунарнамоӣ кард, “Дуди сигор” (муаллиф Fedya) ном дорад.
“Ман намехоҳам, ки худро актриса дониста, қадру манзалати одамоне, ки дар ин ришта таҳсил карда, заҳмат кашида, унвони ҳурнапешагиро соҳиб шудаанд, паст кунам. Нисбат ба лаёқати худ мегӯям, ки дар назди камера бозидан; хандидан, гиря кардан бароям душвор нест. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки бояд баръакси кайфияти ҳоли худро нишон диҳам, ин каме мушкил аст”,- шарҳ дод духтарак.
Як сабаби хуш гузаштани айёми кӯдакӣ
Овони кӯдакии Мадина дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сипарӣ шуд. Волидон барои хуш гузаштани давраи кӯдакии ҷигарбандашон ҳама корро мекарданд. Хосатан, барои духтарашон – Мадина имкон фароҳам меоварданд, ки ба шуғли дӯстдошта машғул шавад.
“Ман аз хурдӣ саҳнаро дӯст медоштам, шеъру суруд мехондам, рақс мекардам, китоб мехондам. Ба варзиш низ машғул мешудам ва дар мусобиқаҳо низ ширкат меварзидам. Бояд гӯям, ки ноҳияи мо яке аз ноҳияҳои пешқадами ҷумҳурӣ дар парваришу ҷамъоварии пахта аст. Замони наврасӣ бар замми дарсу машғулият дар чиниши пахта низ ҳисса мегузоштам. Он солҳо соати маҳдудияти қувваи барқ зиёд буд. Аз ин рӯ, оинаи нилгунро кам тамошо мекардем. Фикр мекунам, ки сабаби хуш гузаштани давраи кӯдакиямон шояд дар набудани интернет, гаҷет ва комютерҳо буд”,- қисса кард қаҳрамони мо.
Ӯ хатмкардаи литсейи №1 – и ноҳия аст. Синф ҳамагӣ 15 хонанда дошт ва Мадина ягона духтарак дар он буд. Сарфи назар аз ин, ҳамсабақон дӯстони хуби духтарак буданд.
“Ҳарчанд хонандаи беҳтарин набудам, аммо муомилаи аксар муаллимон ва ҳамсабақон хуб буд. Ҳар гоҳе, ки ба деҳа оям, ҳатман ба хабаргирии муаллимонам меравам. Онҳо маро хуш истиқбол мегиранд. Бо бархе ҳамсабақон низ робитаи дӯстиро қатъ накардаам, ҳар вақт дар тамос мешаваем”,- афзуд блогер.
Дар бораи оилаи беҳтарин
Барои Мадина Қурбонова падараш намунаи ибрат аст. Марди доимо ҷиддӣ аст ва дар мавридҳои хос аз ӯ дида меҳрубону нармтар касе нест. Духтарак ёд надорад, ки, аққалан, боре ҳам аз забони падараш сухани дағал шунида бошад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Аз падари азизам сифатҳои зиёде омӯхтам. Доим талқин мекунад, ки ба ҷо овардани эҳтироми хурду калон, ҳамеша некӣ кардан ҳатмист. Ростӣ, аз модарам дида шахси қавитареро намешиносам. Вай лаҳзаҳои душвортаринро ҳамроҳ бо падар аз сар гузаронидааст.
Достони ишқу муҳаббати онҳо бароям намуна аст. Додаракам Самандар ном дорад. Ӯ хеле якрав буд. Аллакай, ба камол расида, ноновари хона шудааст. Дӯсти наздиктаринам, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунад ва хуб мефаҳмад, хоҳарам Рухшона аст. Ӯ духтараки оромтабиат ва сарфи назар аз синну сол донову зирак мебошад”, – нақл кард Мадина дар бораи оилааш.
Файзуллохон Обидов