Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 08:5923.02.2023
Дар қаламрави Тоҷикистон субҳи панҷшанбеи 23-юми феврал заминларзаи шадид эҳсос шуд.
Ҳодиса соати 5:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид.
Сокинони дигар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ шиддати зилзиларо ҳис карданд.
Зилзила дар Чин, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ҳис шудааст
Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила дар 47-километрии Аличури Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 6,8 балл будааст.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз телевизиони давлатии Чин шиддати ин зилзиларо 7,2 дараҷа гузориш додааст.
То ба ҳол дар мавриди хисороти ин заминҷунбӣ маълумоте ба даст нарасидааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад. Дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
22 часов назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
4 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
7 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
7 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
8 дня назад