Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:2514.04.2025
Дар натиҷаи зилзилаи шадиди рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон 160 хонаи истиқоматӣ ва 3 мактаб зарар дидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфт, ки боз чанд пасларзаи дигар давоми рӯзи гузашта ва субҳи имрӯз низ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кӯл, Аскалон ва Хулак 40 манзили зист пурра ва панҷтои дигар қисман хароб шудааст. Се чойхона ва як бинои ёрирасони мактаб низ осеб дидааст. Мутаассифона, як кӯдаки сесола, Машрабов Абдуғанӣ, дар деҳаи Уштурпаст бар асари фурӯрезии девори хона ба ҳалокат расидааст.
Дар деҳаҳои ҷамоатҳои Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ, дар маҷмуъ 54 хона пурра, 45 хона қисман ва 61 хона зарари сабук дидааст. Илова бар ин, 196 иншооти ёрирасон, 3 чойхона, 2 бинои мактаб ва 1 муассисаи тиббӣ зарар дидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
[gallery size="full" columns="2" link="file" ids="41513,41511"]
Дар давоми рӯзи гузашта боз се такони зеризаминӣ ба қайд гирифта шуд:
Субҳи 14 апрел, соати 05:44, боз як заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он дар 156 км шимолу шарқи Душанбе, 18 км шарқи ноҳияи Рашт ҷойгир буд. Қуваи он 3-4 балл дар марказ ва 3 баллро дар ноҳияи Рашт ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
View this post on Instagram
Ёдовар мешавем, ки субҳи 13 апрели соли 2025 дар Тоҷикистон заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, такони аввал соати 09:24 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 160 километр шимолу шарқи Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт ҷойгир буд.
Шиддати он дар марказ 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Ба иттилои КҲФ, таҳти роҳбарии муовини сарвазир, Зиёзода С. Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода, барои арзёбии хисорот ва ҳамоҳангсозии корҳои наҷот ба минтақаи зилзилазада фиристода шудааст.
Комиссияи вижа корҳои арзёбӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатро дар минтақаҳои зарардида идома медиҳад.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад