Зафар Абдуалимов сароянда, прадюсер ва роҳбалади ҷавонони тоҷик дар озмунҳои мусиқавии байналмиллалӣ аст. Роҳбаладии Зафар дар озмунҳои мусиқӣ аз озмуни “Во весь голос” оғоз ёфтааст ва бо талошу заҳматҳои ӯ ин озмуни бонуфуз имсол дар Тоҷикистон низ баргузор мешавад.
Қаҳрамони мо дар баробари сарояндагӣ ва продюсерӣ доимо барои пешравии санъати тоҷик ва муаррифии он дар хориҷи кишвар кӯшиш менамояд. Аввалин бор Зафар Абдуалимов дар мавсими аввали озмуни “Во весь голос” ҳамчун роҳбалад иштирок карда буд ва ҳамин гуна ӯ ин корро дар озмунҳои байналмиллалӣ идома дод.
Ӯ дар озмунҳои “Во весь голос”, “EMA Kids”, “Central Asia’s Got Talent”, “Делфинские игры” ҳамчун роҳбалад аз Тоҷикистон иштирок намудааст. Инчунин ӯ продюсери озмунҳои “Парвин” ва “Русская песня” дар кишвар мебошад.
Саёҳат, пешниҳод ва пазириш
Ба Зафар қонеъ кардани продюсери генералии озмуни “Во весь голос” Лина Арифулина барои дар соли 2022 дар Тоҷикистон баргузор шудани он дастоварди бузург аст.
Вақте хонум Арифулина барои саёҳат ба Тоҷикистон омад, Зафар ӯро ба тамошои тамоми минтақаҳои таърихию сайёҳӣ ва дилнишини Тоҷикистон бурд. Баъди сайру саёҳат ҳангоми бозгашти Лина қаҳрамони мо ба ӯ пешниҳод кард, ки озмуни “Во весь голос” соли 2022 дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.
“Вақте ки дар озмунҳо вомехӯрдем ман ба онҳо бисёр дар бораи Тоҷикистон қисса мекардам. Лина мегуфт, ки ту ин қадар Тоҷикистонро тавсиф мекунӣ, мо як бор рафта бинем, ки Тоҷикистон чиҳо дорад.
Ҳамин тавр Лина ҳамроҳи чанд нафар ба Тоҷикистон омаданд. Тӯли чанд рӯзе, ки меҳмони мо буданд, ман онҳоро ба ҷойҳои тамошобоби кишвар бурдам. Лина мафтуни Тоҷикистон шуд. Бовар кунед, чун муҳлати сафарашон ба охир расид, намехостанд, ки аз инҷо раванд. Дар ҳамин вақт Лина пешниҳоди маро дар бораи дар кишвари мо баргузор шудани озмун ба хубӣ пазируфт”, – бо ифтихор иброз дошт, ҳамсуҳбати мо.
Дастовардҳои шогирдон
Қаҳрамони мо ҳарчанд дар роҳбаладӣ таҷрибаи зиёд надошта бошад ҳам, аз солҳои аввали иштирок шогирдонаш ҷойҳои намоёнро ишғол менамуданд.
Шогирдони Зафар соли 2017 то соли 2021 дар озмунҳои “Во весь голос”, “EMA Kids”, “Дельфинские игры” ҷойҳои якум, дуюм ва ҷоизаҳои беҳтарин сарояндаро ба даст овардаанд. Инчунин соли гузашта шогирдони ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” соҳиби ҷойи аввал ва ҷойи дуюм гаштанд.
Аз ҷустуҷӯи истеъдодҳо то баргузории “Русская песня”
Зафар Абдуалимов нафарест, ки ҳамеша ва дар ҳамаҷо дар ҷустуҷӯи истеъдодҳои нав мебошад. Ӯ аз он афсус мехӯрад, ки баъзе аз соҳибистеъдодҳои мо забонҳои хориҷиро намедонанд ва аз ин ҷиҳат дар хондани суруд бо забони хориҷӣ азият мекашанд.
“Дар аксари озмунҳо дар баробари хондани суруд бо забони модарӣ бояд иштирокчӣ ба забони хориҷӣ низ суруд сарояд. Масалан, дар озмуни “Во весь голос” сароидани суруд бо забони русӣ ҳатмӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб мо дар пайдо кардани истеъдодҳои забондон каме душворӣ кашидем”,- афзуд қаҳрамони мо.
Баъди ин Зафар Абдуалимов ба хулосае омад, ки иқдомеро барои дарёфти соҳибистеъдодҳои забондон ба роҳ монад. Бо ин мақсад ӯ соли 2021 озмуни “Русская песня”- ро ки ҳамасола аз тарафи КСОРС ва “Россотрудничество” дар Вилояти Суғд баргузор мегардид, бар уҳдаи худ гирифт.
Дар баргузории ин озмун Лина Арифулина ҳамчун раиси ҳайати ҳакамон иштирок намуда, аз истеъдоди баланди иштирокчиён ба ваҷд омад.
“Дар кишвари мо ҷавононе, ки истеъдоди сарояндагӣ доранд, хеле зиёд ҳастанд. Дар миёни онҳо нафароне вомехӯранд, ки истеъдоди баланд доранд, аммо бо забони русӣ ҳарф зада наметавонанд. Аз ҳамин сабаб мо озмуни “Русская песня”- ба дасти худ гирифтем, то истеъдодҳои беҳтаринро кашф намуда, барои иштирок дар озмунҳое, ки дар Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо баргузор мешавад, роҳнамоӣ кунем”, – гуфт Зафар.
Баъд аз ҷамъбасти озмуни “Русская песня” барои 12 нафар интихобшудагон Зафар бо роҳбарияти осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар ин осоишгоҳ лагери эҷодии “Во весь голос”-ро ташкил намуд. Ҷавонону наврасон тӯли як моҳ дар ин лагер ҳам истироҳат мекарданд, ҳам дарси мусиқӣ меомӯхтанд ва ҳам бо чеҳраҳои шинохта вохӯрда, аз таҷрибаҳои онҳо баҳра мебурданд. Дар ин миён ҳунарманди шинохтаи Русия Евклид ба лагери “Во вась голос” омада, бо истеъдодҳои тоҷик шинос шуд. Рафти кори ин лагер ба пуррагӣ сабт гардидаанд ва он баъд аз анҷоми пахши озмуни “Русская песня”, ки ҳар ҳафта аз Телевизиони “Душанбе” пахш мешавад, пешниҳоди тамошобинон мегардад.
Ҳам шогирду ҳам устод
Зафар Абдуалимов аз синни чор солагӣ ба мусиқӣ шавқу рағбати зиёд зоҳир менамуд. Ҳамин буд, ки волидон ӯро ба Мактаби махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бурданд.
Ӯ аввалин бор дар синни нуҳсолагӣ дар саҳнаи калон баромад намудааст. Ҳангоми дар синфи даҳум таҳсил намудан, аллакай ҳамчун омӯзгор ба хонандагони синфҳои 1 то 8 дарс мегуфт. Зафар Абдуалимов баъд аз хатми мактаб Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-Петербург ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси маркетолог хатм намудааст.
Қаҳрамони мо аз синни 16-солагӣ ҳамчун таҷрибаомӯз ба Ансамбли “Гулшан,” омада, то соли 2020 дар ин ансамбл ҳамчун сароянда фаъолият намудааст .
Айни ҳол Зафар Абдуалимов роҳбарии фарҳанги “Россуотрудничесво”-ро бар ӯҳда дорад. Инчунин барои довталабони озмуни “Русская песня” студияи мусиқие таъсис додааст, ки метавонанд дар онҷо аз устодон дарси вокал, сухани саҳнавӣ, ҳаракати саҳнавӣ ва дигар нозукиҳои санъатро омӯзанд.
Имрӯзҳо ӯ тамоми нерӯи худро баҳри дарёфти сарпарастон ва омодагӣ ба баргузории озмуни “Во весь голос” дар кишвари мо равона карда истодааст ва дар назар аст, ки озмун моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ баргузор шавад.
Ҷовидон Раҳмоналиев