Мо имрӯз дар бораи муаллими ҷавоне қисса мекунем, ки ба хохишмандон забони англисиро ба таври онлайн бо забони тоҷикӣ ва ройгон меомӯзонад. Саъдӣ Тоирзода муаллифи шабакаи Ютубии “Забономӯз”, аввалин шабакае, ки забони англисиро барои тоҷикзабонон меомӯзонад, мебошад. Ӯ ба мо аз чӣ гуна ба пайдо шудани идея, мушкилоти зиндагӣ ва таҳсилаш нақл кард.
Саъдӣ хатмкардаи риштаи муаллими забони англисии Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб аст. Ҳангоми таҳсил ӯ мушоҳида мекунад, ки чӣ тавр баъзе ҳамсабақонаш дар интернет наворҳои омӯзишии забони англисӣ тамошо мекунанду, баъзеи дигар не.
“Аз рӯи мушоҳидаҳоям баъзе ҳамсабақонам умуман наворҳои омӯзишӣ тамошо намекарданд, охир ин барои мо муаллимони ояндаи забони англисӣ муҳим буд, то донишҳоямонро мукаммал гардонем. Ма аз он ҳамсабақонам пурсидам, ки чаро Шумо наври омӯзишӣ тамошо намекунед, ин барои мо муҳим аст ва бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин. Онҳо гуфтанд, ки он наворҳо бо забони русианд, ки мо калимаеро ҳам намефаҳмем. Ин сухани онҳо маро ба фикри кушодани шабакаи интернетии Забономӯз водор намуд”, – нақл мекунад, муаллими ҷавон.
“Модарам маро маҷбур кард”
Саъдӣ дар деҳаи Кӯҳнашаҳри шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Вай дар оила аз ҳама фарзанди калонӣ буда, боз ду хоҳару як додар дорад. Барои омӯхтани забони англисӣ ӯро модараш маҷбур намудааст.
“Маҳз модарам буд, ки дили маро ба омӯхтани забони англисӣ гарм кард, замоне ӯ дар як барномаи телевизионӣ президенти ҳамонвақтаи Русия Елтсинро, ки синаш аз 50 ҳам гузаштаст, лек нав ба омӯхтани забони англисӣ шурӯъ кардааст, мебинад.
“Дар ин сину сол як марди бузург забон меомӯзад. Дар ин забон ягон фоида будааст”, – мегӯяд ӯ. Сипас маро ба мактаби дигар гузарониданд, то ки забони англисиро омӯзам. Ба дурии роҳ нигоҳ накарда аз ягон дарс қафо намемондам, чун мехостам орзуи модарамро бароварда кунам. Болои ин боз дарси иловагӣ аз фанни англисӣ мегирифтам” – таърихчаи ба забономӯзӣ сар карданашро ба ёд меорад ӯ.
“Мевафурӯшӣ мекардам”
Пас аз хатми мактаб ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистикаи ДМТ месупорад, аммо қабул намешавад.
“Дар ин як сол ман бекор нанишаста, бо ҳамсинфам аз шаҳри Бохтар ба бозори “Деҳқон”- и шаҳри Душанбе мева оварда мефурӯхтем. Дар баробари ин забони англисиро худомӯзӣ мекардам. Чунки медонистам, ки дар оянда ба ман ҳатман ёрӣ мерасонад”, – мегӯяд Саъдӣ.
Пас аз як соли савдогарӣ Саъдӣ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба ихтисоси муаллими забони англисӣ дохил мешавад. Пас аз хатми курси аввал бо мушкилиҳои оилавӣ донишгоҳро академӣ мекунаду ба муҳоҷират меравад.
“Сутунмӯҳраи модарам бемор шуд, он кас қариб аз роҳ гаштан монданд. Чун падарам низ вазъи саломатиашон хуб набуд. Нигоҳубину ба беморхонаҳо бурда овардани модарам бар души ман буд. Дар оилаамон ягон нафар кор намекард. Дар як муддати кӯтоҳ дар қарз ғӯтта задем”, – нақл мекунад Саъдӣ.
“Дар баробари кор забони туркӣ меомӯхтам”
Барои бартараф намудани мушкилиҳои хонавода ва баргардонидани қарзҳояшон қаҳрамони моро лозим омад, ки тӯли чор сол ба Русия барои муҳоҷират равад. Саъди он ҷо дар баробари кор бо як ҳамкори туркаш дар вақтҳои холигӣ забони туркиро меомӯзад.
“Бо вуҷуди корам зиёд будан кӯшиш кардам ва забони туркиро омӯхтам. “Ғариби кӯи сахт аст”, – беҳуда нагуфтаанд. Аз сӯбҳ то шом дар ҳарорати – 33 дараҷа кор мекардем. Гоҳо мегуфтам, ки ин ҳамаро партофта меравам, вале боз фикри табобати модарам пеши роҳамро мегирифт. Шукри Худо модарамро дар муддати 2 сол ба по хезонидем. Қарзҳоро баргардонидам, инчунин хонаамонро таъмир намудам.”, – мегӯяд Саъдӣ
Баргашт аз Русия ва идомаи таҳсил
Саъдӣ аз Россия бармегардаду чун меҳри хондан аз аввал дар дилаш ҷо буд, курси дувумро аз нав идома медиҳад . Алакай дар курси сеюм Саъди ба донишҷӯён дарс мегуфт ва ҳатто лоиҳаеро низ дар донишгоҳ роҳандозӣ карда буд.
“Барои лоиҳа аз донишгоҳ 3000 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд, ба он пул телевизор харида дар роҳрави донишгоҳ гузоштам ва видео дарсҳои забони англисиро ба тариқи он ба маърази тамошои донишҷӯён мегузоштем. Як сол дигар дар маркази “Рушди касбият” кор кардам. Дар ин як соли корӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ дарси иловагӣ аз фанҳои забони англисӣ ва информатика медодам”, – нақл мекунад ӯ.
Ҳоло бошад, ӯ дар Маркази Амрикои шаҳри Кӯлоб ҳам муаллим ва ҳам ризокор аст. Кӯшиш мекунад, ки наворҳои омӯзиширо сари вақт дар интернет гузорад, зеро ӯ алакай тамошобини худро дорад.
“Забономӯз” ду сола шуд
Саъдӣ ҳам дар донишгоҳ дарс мегӯяду ҳам дар Маркази Амрикоӣ кор мекунад. Наворҳои омӯзиширо баъзан дар донишгоҳ пас аз дарс ё дар соатҳои танаффуси нисфирӯзи дар марказ сабт мекунад.
“Имсол соли 2-юм аст, ки видеодарсҳои омӯзишии англсисӣ бо забони тоҷикӣ ҳар ҳафта пахш мешавад ва, аллакай, зиёда аз 11 ҳазор аз Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин, муҳоҷирони тоҷик аз Руссия дарсҳои моро тамошо мекунанд ва бо забони модарии худ забони англисӣ меомӯзанд”, – мегӯяд ӯ.
Замоне ки Саъди сабти наворро оғоз мекунад, на танзими наворро метавонистаасту на барои сабти овоз баландгӯяк доштааст.
“Вақте корро оғоз кардам, ба ғайр аз шавқ ва куртае бо зернависи Забономӯз дигар чизе надоштам. Бо камераи Маркази Амрикоӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки он ҷо кор мекунам, навор мегирифтам. Пас аз якчанд нашр тамошобинон аз сифати пасти садо шикоят карданд. Як дӯстам ба ман гуфт, ки мушкилӣ дар набудани баландгӯяк аст ва ӯ бароям баландгӯяк тӯҳфа кард. Баъдан дар як тренинг иштирок карда, танзими видеоро омӯхтам. Ба наздикӣ грант гирифтам, акнун ҳоло муҳарир дорам, ки хатоҳоямро ислоҳ мекунад”, – мегӯяд омӯзгор.
“Дарсҳои Забономӯз шавқовар мегузаранд”
Дарсҳои Забономӯз хеле шавқовар мегузаранд, чунки дарсҳо таввасути мусиқиҳои машҳур, филм ва бозиҳо омӯзонида мешавад. Дар баробари ин дар саҳифаи фейсбукияш мушоҳида карда дидем, ки забономӯзон аз Саъдӣ хоҳиш мекунанд, ки барояшон фалон мавзӯро гузарад. Охирон видеои, ки Забономӯз гузаштааст, ин калимаҳои англсии суруди “Russian Women”-и Манижа Сангин буд, ки аз тарафи забономӯзон хуб қабул карда шуд.
Ҳоло Саъдӣ оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Вай аз ҳозир кӯшиш карда истодааст, ки ба фарзандонаш низ забони англисӣ омӯзонад.
“Инсон ба ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда бояд мақсадҳои дар пешаш гузоштаро амалӣ кунад”, – бо боварии комил мегӯяд Саъдӣ.
Аминҷон Раҳматзода, хатмкардаи Академияи рӯзноманигорони навкори Your.tj