Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:2016.04.2026
Дар шаҳри Панҷакент чор нафар пас аз истеъмоли гӯшти мурғ дар яке аз ошхонаҳо заҳролуд шуда, 25 нафари дигар бо гумони гирифторӣ ба бемории сироятии шадиди меъдаю рӯда аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо нашри хабарнома иттилоъ додааст, ки ҳодиса рӯзи 6-уми апрел рух дода, беморон пас аз як шабонарӯзи табобат бо ҳолати қаноатбахш аз муассисаи тиббӣ рухсат шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, нишонаҳои беморӣ баъди истеъмоли гӯшти мурғ (грил) дар тарабхонаи "Абубакр" пайдо шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи санҷиши хона ба хона 25 нафар бо нишонаҳои монанд ба муоина фаро гирифта шуданд. Аз онҳо намунаҳои ташхисӣ гирифта шуда, вазъи саломатии аксарият қаноатбахш арзёбӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар ошхонаи мазкур санҷиши назоратӣ гузаронида шуда, муайян шудааст, ки ҳангоми омодасозӣ ва нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ба як қатор талаботи санитарӣ ва меъёрҳои беҳдоштӣ риоя нашудааст.
Бо дарназардошти камбудиҳои ошкоршуда, фаъолияти ошхонаи “Абубакр” то бартараф намудани пурраи камбудиҳо муваққатан боздошта шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, заҳролудшавӣ бештар бар асари истеъмоли маҳсулоти нодуруст нигоҳдошташуда, бахусус консерваҳои хонагӣ ба амал меояд. Дар баъзе ҳолатҳо, чунин ҳодисаҳо ҳатто ба паёмадҳои вазнин, аз ҷумла фавт низ оварда мерасонанд.
76 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад