Your.tj лоиҳаи “Маро бишнавед”-ро оғоз мекунад

Мо бо камоли хушнудӣ оғози лоиҳаи “Маро бишнавед”-ро эълон мекунем. Ин лоиҳа барои муайян кардани назару ақидаи ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи духтари муосир ва муҳимияти додани ҳаққи интихоб ба ӯ равона шудааст.

Барои иштирок дар лоиҳа, дар як пурсиши хурд, таҳти ин пайванди Google-форма иштирок кунед: https://forms.gle/tTkf3EhVtWRTZoGi9

Барои чӣ ин муҳим аст?

ВАО дар шаклгирии афкори ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, он аксар вақт қолабҳои мавҷуда, аз ҷумла стереотипҳои гендериро тақвият медиҳанд. Рекламаҳо, муқоваҳои маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ идеалҳои занона ва мардонаро инъикос мекунанд, ки ин барои одамон сарҳад ва маҳдудиятҳои қатъӣ муқаррар мекунад.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ин қолабҳо дар тамоми бахшҳои зиндагӣ – аз ҷои кор то муносибатҳои оилавиро фаро гирифтаанд. Ин қолабҳо ба рушди шахсӣ ва касбии одамон, бахусус занон, монеа шуда, онҳоро ба нақши дуюмдараҷа вогузор мекунанд.

Чаро мо мехоҳем, аудиторияи худро ба сохтани ин лоиҳа ҷалб кунем?

Ҳадафи лоиҳаи “Маро бишнавед” шунидани садои одамони гуногун ва фаҳмидани он аст, ки онҳо духтари муосирро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинанд.

Мо мехоҳем, ки шумо қисса ва андешаҳои худро мубодила кунед, то фаҳмиши пурра ва гуногун дар бораи таъсири стереотипҳо ба ҳаёти занони кишвари мо ҳосил шавад.

Садои шумо барои фаҳмидан, нишон додани мушкилоти мавҷуда ва пешниҳод кардани роҳҳои воқеии ҳалли онҳо кӯмак хоҳанд кард.

Чаро дарки стреотипҳое, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмуланд, муҳим аст?

Дарки стереотипҳои маъмул қадами аввалин барои бартараф кардани онҳост. Бе тасаввуроти возеҳ дар бораи кор, бо мушкилот самаранок мубориза бурдан ғайриимкон аст.

Тавассути иштироки фаъолонаи шумо мехоҳем нишон диҳем, ки чӣ гуна стереотипҳои чуқур решадавонда рафтор ва тафаккури моро ташаккул медиҳанд ва чӣ тавр бартараф кардани онҳо метавонад боиси тағйироти мусбӣ дар ҳаёти мо гардад.

Чаро бартараф кардани стереотипҳои гендерӣ муҳим аст?

Стреотипҳои гендерӣ озодиҳо ва имконоти шахсии одамонро маҳдуд мекунанд. Онҳо дар роҳи баробарӣ ва адолат монеа эҷод мекунанд.

Бо муқовимат ба ин стереотипҳо, мо ба бунёди ҷомеае саҳм мегузорем, ки дар он ҳар як инсон новобаста аз ҷинс тавоноии худро дарк карда тавонад. Ин боиси ҷомеаи одилона ва пешрафтатар мегардад, ки дар он ҳама барои худшиносӣ имкониятҳои баробар доранд. Мо боварӣ дорем, ки хар як саъю кӯшиш дар ин роҳ натиҷаҳои мусбат мебахшад ва ҷаҳонро ба сӯи беҳбудӣ такон медиҳад.

Лоиҳаи “Маро бишнавед” барои фаҳмидани он ки духтари муосир дар тасаввуроти ҷомеа чӣ гуна бояд бошад ва чаро ӯ бояд ҳуқуқи интихобро дошта бошад, ба мо кӯмак мекунад. Шуморо ба иштироки фаъолона дар лоиҳа даъват мекунем!

Google-формаи моро пур кунед ва бо мо фикру андешаи худро мубодила намоед. Ҷавобҳои шумо ба мо кӯмак мекунанд, ки тасвири пурратар ва дақиқи мушкилотро ба вуҷуд орем ва роҳҳои самараноки ҳалли онро пешниҳод созем.

Пайванд ба Google-форма: https://forms.gle/tTkf3EhVtWRTZoGi9

Биёед ҳамроҳ ҷомеаеро созем, ки дар он ҳар як инсон ҳуқуқи озодии интихоб ва худшиносиро дошта бошад!

Skip to toolbar