Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5414.07.2022
Шамсулло Тағоев, як муаллими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар Озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои ИДМ сазовори ҷой дуюм гардид. Ҳамчунин мақолаи пешниҳоднамудаи ў барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин – 2022» интихоб гардид.
Тавре Шамсулло Тағоев мегӯяд, барои иштирок дар озмун се моҳ пеш мақолаҳои худро пешниҳод кардааст. "Дар нашри 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин – 2022» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи ман ва муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н.Хусрав Саёҳат Сафарова интихоб гардид. Аз ҷониби кумитаи тадорукот барои сазовор гардидан ба ҷой дуюм бо диплом ва медали сарисинаг сарфароз гардидам», гуфт, ӯ.
Шамсулло Тағоев, сардори Маркази инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи информатикаи факултети механикаю математика мебошад.
Озмуни "Омӯзгори беҳтарин - 2022" бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» доир гардид.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад