Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон қариб 45% афзудааст

Қарзи хориҷии Тоҷикистон тамоюли коҳишёбӣ дорад

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали семоҳаи аввали соли 2023-юм 3 млрд 211,7 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали соли равон 16,6 млн доллар камтар аст.

Акси марбута аз сомонаи mycdn.me

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар ҳаҷми умумии қарзи беруна 3 млрд 71 млн доллараш ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ ба аввали семоҳаи дуюм 140,5 млн долларро ташкил медиҳад. Боқимонда 3,8 млн доллар – қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (1,9 млн доллар) ва Бонки исломии рушд ( 1,9 млн доллар) мебошанд.

То 1 январи соли ҷорӣ қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 3 млрд 288,3 млн долларро ташкил дода буд, ки ба 28,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст.

Тайи соли ахир тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷӣ 15,4 млн доллар кам шуда, рушди воқеии ММД 8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми номиналии ММД дар соли 2022 ба андозаи 16 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд қарзҳои нисбатан зиёд дорад. Дар сохтори қарз евробондҳо (500 млн доллар) низ мавҷуданд, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд.

Мувофиқи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ, соли 2023 барои пардохти қарзи беруна равона кардани беш аз 2 млрд 347 млн сомонӣ (230 млн доллар) ба нақша гирифта шудааст.

Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон қариб 45% афзудааст

Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бо ҳадафҳои мухталиф ба Тоҷикистон сафар кардаанд, 260 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ин шумора 30,2% зиёд мебошад.

Акс аз сомонаи hellobikeworld.com

Аз ин шумора 209 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ сайёҳ маҳсуб мешаванд, ки шумораи онҳо нисбат ба семоҳаи аввали соли 2022 44,5 фоиз зиёд шудааст.

Зиёда аз 70% шаҳрвандони хориҷӣ аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20% аз Русия (53,2 ҳазор нафар) омадаанд.

Инчунин 6,7 ҳазор нафар Қазоқистон, 3,5 ҳазор – Чин, 2,3 ҳазор – Туркия, 1,4 ҳазор – ИМА, 1,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон ва Эрон вориди Тоҷикистон шудаанд. Аз баъзе кишварҳои дигари ҷаҳон низ вуруди нисбатан кам (камтар аз 1 ҳазор нафар) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷа рафтаанд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 812,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки 38,4% нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият доштаанд.

Инчунин 185 меҳмонхона, 27 хобгоҳ ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳ ва лагери бачагона, 7 маркази истироҳату дармонбахшӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 5 базаи сайёҳӣ амал кардаанд.

Қобили зикр аст, ки сайёҳӣ аз ҷониби мутахассисон яке аз се бахши (дар баробари саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика) такондиҳандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Парвандаи Хуршед Фозиловро ба Панҷакент фиристодаанд

Парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозилов барои баррасӣ ба Суди шаҳри Панҷакент фиристода шудааст. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи рӯзноманигор, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ хабар додааст.

Акс аз саҳифаи фейсбуки рӯзноманигор

Қазияи Хуршед Фозилов аз тарафи идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқ шудааст ва барои он ки рӯзноманигор сокини Панҷакент аст, парвандаашро ба додгоҳи ин шаҳр фиристодаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа кай баргузор мешавад.

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Худаш рад кардааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.

Дар як соли ахир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва 7 нафари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани хабарнигорон борҳо танқид кардаанд.

10 соли зиндон ба шаҳванди Қирғизистон барои иштирок дар ҷанги зидди Украина

Дар Қирғизистон як нафарро ба 10 соли зиндон маҳкум кардаанд. Мувофиқи қарори Суди ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек шаҳрванди ин кишвар барои иштирок дар ҷанги зидди Украина айбдор мешавад.

Мошини ҳарбӣ дар Донтеск. Акс аз хабаргузории Рейтерс

Ба иттилои муфаттишон, вай аз ҷониби ҷудоиталабони Донбасс ҷангидааст.

Дар ҳукми додгоҳ омада, ки шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон моҳи июни соли гузашта дар Маскав ба яке аз гуруҳҳои мусаллаҳи ҷумҳурии худхондаи Луганск шомил шуд.

“Ҳадафаш аз ин иқдом даромади молӣ ва дарёфти шаҳрвандии Русия буд. Вай силоҳҳоро ба хатти аввали ҷанг бурда, баъд аз ним сол хидмати ҳарбиро хатм кард ва ба Маскав ва аз онҷо ба шаҳри Бишкек баргашт”,- гуфта шудааст дар ҳукм.

Ин шаҳрванди Қирғизистон дар додгоҳ худро бегуноҳ шумурда, гуфтааст, дар Луганск буд, аммо дар ҷанг иштирок накард.

Қонунгузории Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шаҳрвандонро аз ширкат дар ҷанги кишварҳои дигар манъ мекунанд.

Сафорати ин кишварҳо борҳо ба шаҳрвандони худ дар Русия ҳушдор додаанд, ки дар ҷангҳои Русия зидди Украина ширкат наварзанд.

Skip to toolbar