Вожаомӯз – “Duolingo”-и тоҷикӣ. Чӣ тавр англисиро дар телефон шавқовар омӯхтан мумкин

Вожаомӯз – барномаи нави мобилиест, ки корбар метавонад онро аз Play Market ва ё App Store боргирӣ карда, наздики 9 ҳазор вожаи англисиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ азхуд кунад. Он барои навомӯзони синнашон аз чорсола боло пешбинӣ шуда, бо 10 бозии интерактивӣ ва гурӯҳбандии калимаҳо забономӯзиро ҷолибтар мекунад.

Таҳиягарони барнома – блогер ва муаллими забони англисӣ, Саъдӣ Тоирзода ва барномасоз, Мирқурбон Наимов нақша доранд, ки дар оянда ба Вожаомӯз омӯзиши забони тоҷикӣ ва русӣ, инчунин дигар бахшҳои забономӯзиро низ ворид кунанд.

Дар бораи махсусиятҳо, навовариҳо, бартариятҳо, камбудиву навсозиҳо ва нақшаҳои ояндаи барномаи Вожаомӯз ҳаммуассиси он Саъдӣ Тоирзода ба муаллифи Your.tj нақл кард.

“1001 калимаи зарурӣ” – асоси барномаи Вожаомӯз

Идеяи таҳияи барномаи Вожаомӯз аз китоби “1001 калимаи зарурӣ” пайдо шуд. Вақте китобро паҳн шуд, мардуми зиёде талабгораш шуданд ва онро бисёр суроғ мекарданд.

Онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд шакли электронии китобро дархост мекарданд, вале Саъдӣ нахост танҳо шакли одии PDF-и китобро ба онҳо пешниҳод кунад.

Ба дӯсти барномасозаш, Мирқурбон Наимов бо ҳамин идея муроҷиат кард. Ӯ гуфт, аз шакли электронии китоб як барнома сохтан лозим. Мирқурбон дар ҷавоб гуфт, ки идеяи беҳтаре дорад барои сохтани барнома.

Ҳамин тавр, корро оғоз намуда, дӯстон давоми як сол барномасозӣ карданд. Сабаби тӯл кашидани таҳияи Вожаомӯз он буд, ки таҳиягарон корро худашон анҷом доданд ва ягон маблағгузорӣ ё дастгирие пешниҳод нашуд.

“Ростӣ, баъдан пайдо шуданд шахсоне, ки мехостанд аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунанд. Вале дигар қабул накардем, чун ба мо асосан дар раванди таҳияи барнома пул лозим буд.

Барои зуд ва бақувват сохтани дилхоҳ барнома ҳадди ақал 4 нафар барномасоз ва дизайнер лозим аст. Вале Мирқурбон ин корро каме дертар бо кӯмаки як-ду нафар анҷом дод. Ҳоло пул танҳо барои маркетинг ва таблиғот лозим мешавад”,- афзуд Саъдӣ.

Таҳиягарон маслиҳат карданд, ки Мирқурбон Вожаомӯзро таҳия мекунад ва Саъдӣ таблиғу паҳни барномаро ба гардан мегирад. Баъди кор, 2-3 соатӣ нишаста, барноманависӣ мекарданд.

20-уми феврали соли 2024 барнома нахуст дар Play Market ва баъди тақрибан 20 рӯз дар App Store ҷойгир шуд. Ҳоло наздики 40 ҳазор нафар барномаро боргирӣ карда, дар телефонҳояшон насб намудаанд ва ба гуфтаи Саъдӣ шумораашон рӯз аз рӯз меафзояд.

Барномаи Вожаомӯз барои нафарони навомӯзи синнашон аз чорсола боло пешбинӣ шудааст.

Чаро Вожаомӯз?

Саъдӣ мегӯяд, номи барномаро Мирқурбон пешниҳод кард.

“Вожа – калима, омӯз – ёд гирифтан, яъне калима азхуд кардан. Кӯтоҳ, комилан тоҷикӣ ва сода аст. Саҳифаи ман Забономӯз, як курси дигари омӯзиши замонҳои забони англисӣ дорам – Замономӯз.

Ин ҳам ба истилоҳ бренд аст, ҳам як даъват: Забон омӯз! Вожа омӯз! Замон омӯз! Ҳоло фикр дорем, ки барои дар оянда ба сатҳи байналмилалӣ баровардан номашро боз ҳам кӯтоҳтар – Вожа кунем. Логотипи нав ҳам дорем, ки шояд оянда онро истифода барем”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо ва нақшаҳои навашро гуфт.

Мақсади асосии таҳиягарон, ба гуфтаи Саъдӣ, дар баробари омӯзиши забон, зиёд кардани маводи тоҷикӣ дар интернет аст. Ӯ блоги худ дар Инстаграмро низ ба ҳамин хотир оғоз кардааст.

Дар китоби “1001 калимаи зарурӣ” вай калимаҳои серистифодатарини забони англисиро бо тарҷумаи тоҷикӣ гирд овардааст. Ин китоб низ дар як гурӯҳбандӣ (категория)-и алоҳида ба барномаи Вожаомӯз ворид карда шудааст.

Мушкилиҳо, хатоҳо ва навсозиву навгониҳои Вожаомӯз

Саъдӣ мегӯяд, вақте барномаро бори нахуст сар доданд, мушкилии зиёде дошт. Бақайдгирӣ мушкил дошт, баъзе тугмаҳо кор намекарданд, вале Мирқурбон ба зудӣ онҳоро бартараф кард ва навсозии (обновление) барномаро сар доданд.

“То имрӯз мо шаш маротиба навсозӣ кардем ва ҳоло барнома дар сатҳи нисбатан хуб аст. Вокунишу баҳогузориҳо (отзыв) ба барнома низ беҳтар шудааст. Дар Play Market аз рӯи шкалаи умумии панҷбалла 4,5 балл дорад. Мардум бештар аз он розиянд, ки барнома ба забони тоҷикӣ аст”,- афзуд ӯ.

Дар Вожаомӯз шумо метавонед бо забони тоҷикӣ ё русӣ забони англисиро омӯзед. Вале ба таҳиягарон чанд пешниҳод шудааст, ки баръакс бо забони русӣ ё англисӣ омӯзиши забони тоҷикиро ба роҳ монанд.

“Ин аллакай дар нақшаи мо ҳаст. Танҳо ба барнома ворид кардани он мондааст. Дар ояндаи наздик имконпазир мешавад”,- гуфт қаҳрамони мо.

Ҳоло дар барнома танҳо омӯзиши вожаҳо ба роҳ монда шудааст ва Саъдӣ мегӯяд, каме вақт лозим то ба он омӯзиши грамматика, фонетика ва дигар қоидаҳои забонҳоро ворид кунанд.

“Барои ин мо бояд функсияи барномаро тағйир диҳем. Ҳоло Вожаомӯз метавонад бо 10 намуди машқ калимаҳоро ба шумо пешниҳод кунад. Метавонед талаффузи калимаро шунавед, шакли дурусти онро интихоб кунед, дар кроссворд бозӣ кунед ва монанди инҳо”,- шарҳ дод Саъдӣ.

Дар айни ҳол Вожаомӯз наздики 9 ҳазор калима дорад ва ба гуфтаи ҳаммуассиси барнома хатоҳои техникӣ дар он ҳанӯз ҳам ҷой доранд.

Ӯ мисол овард, ки баъзе калимаҳо дар гурӯҳи худ нестанд ё тарҷумаи чанд калима ба ҳам омехта шудааст. Ин хатоҳо дар вақти рамзнависӣ мешаванд, ки таҳиягарон ислоҳ хоҳанд кард.

“Вақте барномаро навсозӣ мекунем, бояд ҳамаи корбарон онро пурра боргирӣ кунанд. Барои ҳамин дар версияи дуюми Вожаомӯз, ки ба наздикӣ сар медиҳем, дигар боргирӣ кардани пурраи барнома барои тамоми корбарон лозим намеояд.

Вақте ба ягон гурӯҳбандии муайян тағйирот ворид кардем, мешавад корбарон танҳо навсозии онро боргирӣ кунанд. Барнома, инчунин дар навсозиҳои оянда метавонад вақтҳои муайян ба корбар push-паёмакҳо ё огоҳиҳо диҳад”,- гуфт Саъдӣ.

Дастурамали истифодаи Вожаомӯз

Таҳиягарон барои фаҳмо шудани Вожаомӯз 11 дастурамали видеоӣ оид ба тарзи истифодаи барномаро сабт кардаанд.

Тарзи боргирӣ кардани барнома, тарзи сабтином кардан дар он, чӣ хел танга ҷамъ кардан, дӯстонро даъват кардан, ҳамин тавр, вақте ба ҳар саҳифаи Вожаомӯз ворид мешавед, пешниҳод мекунад, ки тарзи истифодаи онро дар YouTube тамошо кунед.

Самаранокӣ, ҷолибият ва омори Вожаомӯз

Саъдӣ Тоирзода мегӯяд, самаранокии ин барномаро аз рӯи ҷадвали даҳбалла 9 балл баҳо медиҳад.

“Чун аксарият телефон доранд ва вақти зиёдашонро ба он сарф мекунанд. Дар давоми 5 моҳе, ки Вожаомӯз фаъол аст, таҳлилҳои мо нишон доданд, ки мардум аввал барномаро бо ҳавас боргирӣ карданд, вале баъдан сафи корбарон дар давоми рӯз кам шуд.

Мо дар навсозии охирин ба барнома рейтинг илова кардем, ки 30 нафари фаъолтарин дар давоми рӯзро нишон медиҳад. Баъди ин шумораи корбарон дар давоми рӯз қариб 4 баробар афзуд, чунки ҳар нафар мехоҳад худро дар қатори аввалинҳо бинад.

Барои ҳавасмандгардонии бештар мо 3 корбари фаъолтарини Вожаомӯз дар давоми моҳро интихоб карда, аккаунти премиум туҳфа мекунем. Аллакай ба се нафари аввал инро таҷриба кардем”,- гуфт ҳаммуассиси Вожаомӯз, Саъдӣ Тоирзода.

Корбар ҳангоми насби барнома дар телефон, дар аввал ба 50-60 дарсади барнома бе обунаи пулакӣ дастрасӣ дорад.

“Вақте бештар фаъол мешавад, Вожаомӯз ба омӯзиши ҳар як калима як танга – қурби виртуалии дохили барномаро медиҳад. Он барои кушодани дигар гурӯҳбандиҳо лозим аст. Масалан, 500 танга ҷамъ мекунад ва як гурӯҳбандии навро дастрас мекунад”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

“Duolingo”-и тоҷикӣ? Камбудӣ ва бартарии Вожаомӯз

Муассисони Вожаомӯз вақте барномаро таҳия мекарданд ва ҳоло ном надода буданд, онро “Duolingo”-и тоҷикӣ мегуфтанд. Вале ба гуфтаи Саъдӣ, Вожаомӯз аз “Duolingo” фарқ мекунад.

“Duolingo”, мегӯяд ӯ, табиӣ, ки беҳтар аст, пойгоҳи бақувват дорад, тими калон ва пули зиёд дорад, инчунин беш аз 11 сол мешавад дар бозор аст.

“Лекин Вожаомӯз баъзе чизҳое дорад, ки дар “Duolingo” нест. Масалан, бозии виртуалии “Батл” дар “Duolingo” нест, ки дар нақша дорем моҳи сентябр ба барнома илова кунем.

Дар он шумо метавонед аз рӯи ягон гурӯҳбандии муайян пешниҳоди донишозмоӣ кунед. Он аз рӯи вақт сурат мегирад ва то 4 нафар метавонанд иштирок кунанд. Вожаомӯз ба шумо калимаҳоро пешниҳод мекунад ва барои ҷавоб вақт медиҳад, ғолиб онест, ки зуд ҷавоби дурустро интихоб кунад”,- гуфт аз навгониҳои барнома Саъдӣ.

Аз директори ширкати сайёҳӣ то таҳияи “2002 калимаи зарурӣ”

Таҳиягарон ҳоло муаллим ва методисти ботаҷрибаи забони англисӣ – Назар Назаровро ба кор ҷалб кардаанд, ки дар таҳрири имлову сохтори вожаҳо кӯмак мекунад. Саъдӣ гуфт, аз ҷиҳати имлои тоҷикӣ то ҳол мушкилӣ надоранд, вале агар касе пайдо шавад, ки барномаро таҳлил кардан мехоҳад, зид нестанд.

Саъдӣ Тоирзода – блогер ва муаллими забони англисӣ дар Инстаграм саҳифаи худро пеш мебарад. Мо дар бораи ӯ пештар навишта будем, ки дар ин ҷо хонда метавонед.

Қаҳрамони мо чанд муддат дар як ширкати хориҷӣ кор кард ва баъдан чун лоиҳаҳои Забономӯз бисёр шуд, корро тарк кард. Ҳоло асосан аз болои барномаи Вожаомӯз кор мекунад.

“Расман дар ширкати сайёҳии “Diyor Travel” ба ҳайси директор кор мекунам. Ин ширкат ба ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ дар дохили кишвар барои сайёҳон машғул аст. Вале асосан бо такмили Вожаомӯз банд ҳастам.

Инчунин, китоби дуюмамро таҳия кардам бо номи “2002 калимаи зарурӣ”, ки дар таҳрир аст ва ба наздикӣ ба нашр мерасад”,- гуфт Саъдӣ аз нақшаҳои ояндааш.

Шодмон Кенҷаев

Skip to toolbar