fbpx

Волидони ноболиғон дар Исфара ҷазо мегиранд. Тадқиқи навори пурбаҳс оид ба латукӯби ноболиғ

Сабаби латукӯб як писарбача, дӯсти умумии духтарон будааст, шарҳ доданд аз раёсати ВКД дар Суғд.


-1
-1 points
Паврвандаи ҷиноӣ нисбати ду духтари ноболиғ дар Исфара
Акс аз интернет

Чанд рӯзи охир навори лаҳзаи латукӯби як духтари ноболиғи 14-сола аз ҷониби ду духтари нобилиғи дигар (14 ва 16 – сола) дар Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сару садои зиёд гашт. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ки волидайни онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, муҷозот гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳарчанд навор охири ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вале ҳодиса рӯзи 27-уми ноябри соли равон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ бар зидди волидайни се духтари ноболиғ, ду нафаре, ки як ноболиғи 14-соларо латукӯб карданд ва нафаре, ки рафти ҳодисаро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кард, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Моддаи мазкур огоҳӣ ё таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (як нишондиҳанда 64 сомонӣ) пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфтанд, духтарони ноболиғ дар қайди шуъбаи кор бо ноболиғон гузошта шуданд.

Сабаби латукӯб як писарбача, дӯсти умумии духтарон будааст, шарҳ доданд аз раёсати ВКД дар Суғд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон  ва аз мӯяш кашида, ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, вале боз зери мушту шатта қарор мегирад. Дар ниҳоят, он ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд.

Маълум нест, ки чӣ кори ин духтари ҷабрдида боиси чунин бадрафторӣ нисбат ба вай шудааст. Вале бисёриҳо дар зери ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафторро боз як аломати дигари уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеа номида, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин духтаронро пайдо карда, барои ин “муҷозоти худсарона” ҷазо бидиҳанд.

Субҳи 18-уми декабр маркази матбуои шуъбаи якуми милитсияи шаҳри Исфара бо нашри як иттилоия хабар дод, ки шахсияти иштирокчиёни ин ҳодиса муайян гардид. Ҳамаи онҳо ноболиғ буда, ду духтари яке 14 ва дуюмӣ 16-сола як духтари 14-соларо чунин озор додаанд.

“Тахминан соатҳои 14:30 дақиқаи санаи 27.11.2022 сол ба кӯчаи Ибод Файзуллоеви шаҳри Исфара, рӯ ба рӯи ошхонаи “Лола”, якҷоя бо ҷабрдида Ш. рафта, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ноболиғдухтарро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, баъди чанд рӯз гузаштан аз ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст”, – гуфта мешавад дар идомаи хабар.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend