Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Вокуниши мақомот дар робита ба навори латукӯби сарбозон

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба навори латукӯб ва бадрафторӣ нисбати сарбозон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми корбаронро ба вуҷуд овард, вокуниш кард. Матни вокуниш дар сомонаи маркази матбуоти ин ниҳод нашр шудааст.

Дар навор саҳнаи дилхароши латукӯби якчанд сарбоз аз ҷониби сарбозони дигар дида мешуд. Зоҳиран ин ҳамон ҳолати “дедавшина”-е буд, ки мақомот мавҷудияти онро ҳамеша рад мекарданд.

Гуфта мешавад, 24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ навори лату кӯби як гурӯҳ ҷавонони дар тан либоси ҳарбидошта паҳн карда шуд.

Прокуратураи ҳарбӣ бо ҷалби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида, муайян кардаанд, ки ҳодиса тахминан 15 декабри соли 2022 рух додааст.

“Хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд”,- омадааст дар матни вокуниш.

Дар идома таъкид мешавад, ки номбурдагон бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд.

Вобаста ба ин ҳодиса прокурори ҳарбии гарнизони Суғд 24 апрели соли 2023 бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ҳамин кирдор, агар: нисбати ду ва зиёда ашхос; аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Гумонбаршудаҳо дастгир карда шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Skip to toolbar