fbpx

Вокуниши Ёдгор Файзов оиди ҳаводиси охири Бадахшон. Ӯ гуфт, ки ҳодиса аз куҷо сар зад

Ёдгор Файзов дар телевизиони "Бадахшон" атрофи аз куҷо сар задани ҳодиса нақл кардааст.


2
2 points
Акс аз сомонаи vecherka.tj

Ёдгор Файзов собиқ раиси ВМКБ пас аз ҳаводиси охири дар Хоруғ рух дода, изҳори назар кард. Ӯ тариқи шабакаи телевизиони “Бадахшон” дар бораи суҳбаташ бо худи духтар, оилааш ва якчанд сокинони ноҳияи Роштқалъа нақл кардааст. Сокинон ёрдамчии прокурорро барои озор додани духтар гунаҳкор кардаанд.

Дар навори 15 дақиқагие, ки дар телевизион ва баъдан шабакаи YouTube нашр шудааст, Ёдгор Файзов мегӯяд, ки ҳангоми  боздошти ёрдамчии прокурорри ноҳия Абдусамад Абирзода аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи Роштқалъа ӯ дар шаҳр набудааст. Ба ӯ аз ҳодиса телефонӣ муовини аввалаш Алишер Мирзонаботов (ҳозира раиси ВМКБ, – аз идора) хабар додааст, ки ҷавонони Роштқалъа ёрдамчии прокурорро ба бинои ҳукумат оварда, аз ӯ талаб доранд, ки пеши сокинон ва фаъолон барои кирдораш бахшиш пурсад.

Ба нақли Файзов, ҷавонон талаб кардаанд, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба занону духтарони Бадахшон дастдарозӣ мекунанд ва чунин кормандон бояд дар ин сохторҳо фаъолият накунанд ва аз вилоят берун раванд.

Дар видео Файзов мегӯяд, ки духтар ва падарашро бо якчанд ҷавонон ба ҳузур пазируфта бо ҳамроҳии муовини аввалаш Алишер Мирзонабот аз онҳо асли қазияро пурсидааст.

Ба гуфтаи Ёдгор Файзов ҳодиса аз гирифтани шиносномаи қалбакӣ бо ному насаби дигар сар задааст. Як корманди милиса бо номи Ҳабиб Маҳмадов ба духтар ваъда кардааст, ки ба ӯ шиноснома гирифта медиҳад, вале баъдан ин корро анҷом дода натавонистааст.

«Оғози бадбахтӣ аз ҳамин одам аст, ки барои гирифтани шиносномаи қалбакӣ аз он духтар пулу мол талаб кард ва ба ваъдааш вафо накарда ӯро бо ёрдамчии прокурор шинос намудааст”, – мегӯяд раиси собиқ.

Ба нақли ӯ, вақте духтар ба Абирзода занг мезанад ӯ пешниҳод мекунад, ки бо ҳам аз наздик вохӯранд ва ҳама чиро баррасӣ кунанд. Ин таклифи ёрдамчии прокурор ба гӯши ҷавонони маҳаллӣ мерасад ва онҳо ӯро гаравгон гирифта маҷбур мекунанд, ки аз мардуми Бадахшон узр пурсад.

Файзов мегӯяд, аз духтар якчанд маротиба пурсидааст, ки ёрдамчии прокурор ба ӯ ягон пешниҳоди дигар кард ё озораш дод, духтар гуфтааст, “ба ғайр аз таклифи аз наздик суҳбат кардан, дигар чизе нагуфтааст”.

Дар навори телевизионӣ собиқ раиси ВМКБ мегӯяд, бадбахтӣ маҳз аз Ҳабиб Маҳмадов корманди шӯъбаи РВКД дар вилояти Бадахшон оғоз шудааст ва гунаҳгори асосии қазия низ ӯ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи эътирози чоррӯзаи сокинони Бадахшон дар назди бинои ҳукумати вилоят бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони куштори сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков се нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд ва чандин нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла 12 корманди мақомот низ.

Эътироз замоне қатъ шуд, ки мақомот ваъда доданд, ки талаби онҳоро иҷро хоҳанд кард ва нафарони эътирозгарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ нахоҳанд кашид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
4
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend