fbpx

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавқат Мирзиёев дар Қирғизистон. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?

Мо мухтасар аз тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад, – Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Зувайдзода.

Ба гуфтаи раиси Кумита, танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидааст, тахриб мешавад.

“Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави Вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад”, – иброз дошт номбурда.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки “дар бораи тахриби бинои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳо, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир аст, супориш нашудааст”.

“Аз ин рӯ онҳо тахриб намешаванд”, – изҳор дошт Раиси Кумита.

Баҳсҳои навбатӣ атрофи тахриби чойхонаи “Роҳат” баъди тахриби бинои тарабхона дар шафати он пайдо шуданд.

Вохӯрии навбатии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавқат Мирзиёев

Имрӯз, 21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.

Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

Кӯдакони ба синни 7-сола нарасидаро ягон мактаб қабул намекунад, – Раёсати маорифи Душанбе

Дар Тоҷикистон мувофиқи қонун “Дар бораи маориф”, ба синфи 1-ум танҳо кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки ба синни 7-солагӣ расидаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Душанбе Асомиддин Бобозода.

Тибқи банди 4, моддаи 16-и қонун ва банди 38-и низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, ки 1 июни соли 2016 (№237) аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, ба синфи якум кӯдакони 7-сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд.

Яъне имсол ба синфи якум кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, қабул мешаванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ӯро ба ба синфи якум қабул намекунанд.

Муқаррароти зикршуда ҳам ба муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ҳам хусусӣ дахл дорад.

Раҳмон рафтори Толибонро дар Афғонистон танқид кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, Толибон ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро дар Афғонистон поймол мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми июл дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон онҳоро ба “сиёсати таҷовузкорона” муттаҳам кард.

“Толибон сиёсати табъизкоронаро алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ пеш мебаранд”, – афзуд Раҳмон.

Толибон тақрибан як сол боз ҳокими Афғонистонанд, вале то кунун ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Тоҷикистон тарафдори ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он кишвар аст.

Президенти Тоҷикистон, инчунин, изҳороти охири раҳбари “Толибон”-ро дар бораи бекор кардани қонунҳо ва ҷорӣ намудани шариати ислом дар ҳама бахшҳои Афғонистон ёдовар шудааст.

Раиси собиқи ноҳияи Шаҳритус ба тақсими ғайриқонунии замин гумонбар мешавад

Рамазон Оймаҳмадзода, собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус 2 гектар замини як корхонаи саноатиро ғайриқонунӣ ба аҳолӣ тақсим намудааст. Дар ин бора рӯзи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ Рустам Сангинзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории замини Додситонии вилояти Хатлон хабар дод.

Сангинзода мушаххас нагуфт, ки нисбати собиқ раиси ин ноҳия барои ин кирдор парванда боз шудааст ё не. Танҳо афзуд, ки “вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шахсони мансабдор парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Ин масъули додситонии вилоят гуфт, ки нисбати қарорҳои раиси собиқи ноҳия вобаста ба ин замин эътирози додситонӣ оварда шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қонунгузории замин аз тарафи як қатор шахсони масъул ва шахсони алоҳида дағалона вайрон карда шудааст. Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем зиёда аз 2 га замини як корхонаи саноатӣ аз ҷониби собиқ раиси ноҳия ва дигар шарикони ӯ ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон тақсим карда дода шудааст”,- гуфт Рустам Сангинзода.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend