Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки то ба эътидол омадани “вазъи печида ва ноустувори амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёна” аз сафар ба кишварҳои ин минтақа худдорӣ намоянд.
Ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсия мешавад:
- қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд;
- аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд;
- ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва воситаҳои алоқаро ҳамеша омода нигоҳ доранд;
- пайваста аз ахбори расмӣ ва иттилооти намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон истифода намоянд.
Дар сурати ба миён омадани вазъияти фавқулода ё зарурати дарёфти кумак, шаҳрвандон метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон муроҷиат кунанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
- Мобилӣ: +989363253147
- WhatsApp: +992918818889
Сафорати Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн
- Тел: (+966 11) 5120333
- WhatsApp: +966563417592
Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб
- Тел: +(971)24417950
- WhatsApp: +971581531574
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай
- Тел: +(971)43945814
- WhatsApp: +971585081221
Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон
- Тел: (+965) 25329896
- WhatsApp: +96565762307
Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қатар
- Тел: +974 44 12 39 06
- WhatsApp: +97439902438
Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон
- Тел: +99391827271
- WhatsApp: +9269738322
Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон
- Тел: +994513484032
- WhatsApp: +994 51 348 40 32
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
- Тел: (+92518900222)
- WhatsApp: +923328686050
