Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
ВКД як "қорӣ"-еро, ки се зан, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст, бо гумони қаллобӣ боздошт кард
Дата публикации: 17:3017.05.2024
Кормандони милитсияи Душанбе сокини ноҳияи Рӯдакӣ Шарафҷон Насриддинови 36-соларо бо тахаллуси “Қорӣ Раҷаб” боздошт кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ дар гузориши "Милитсия ҳомии ҷомеа" хабар дод.
"Ӯ бидуни маълумоти зарурии динӣ дар масҷиди "Қазоқон"-и ноҳияи Синои пойтахт фаъолияти динӣ мебурдааст. Ҳамчунин, дар маъракаҳо бо дуохонӣ пул кор мекардааст”,- гуфта мешавад дар гузориш.
Ба иттилои ВКД, "Қорӣ Раҷаб", инчунин се зан, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш дароварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекардааст.
Худи Насриддинов дар навори гузориш мегӯяд, “зани аввалашро, ки аз ӯ ду фарзанд дорад, талоқ дода, чанде пеш бо ҳамсари сеюмаш никоҳ кардааст”. Аммо, ба гуфтаи ӯ, зани сеюмаш “мошини ваъдагиашро нахаридааст ва аз низ ӯ ҷудо шудааст”.
Боздоштшуда мегӯяд, “никоҳи се занро мувофиқи суннатҳои ислом иҷро кардааст”.
Ӯ, инчунин иқрор мешавад, ки барои дуохониҳояш пул мегирифтааст.
Айни замон нисбати Шарафҷон Насриддинов тибқи қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Қаллобӣ”) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Тибқи ин модда боздоштшударо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, (1 нишондиҳанда баробар ба 72 сомонӣ), маҳдуд кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол интизор аст.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
1 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
1 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
2 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
4 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
8 дня назад