Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

ВКД иддаои ба номуси як зан дастдарозӣ карда, аз ӯ $30 ҳазор талаб кардани муфаттишро дурӯғу туҳмат номид

Дар робита ба даъвои сокини шаҳри Хуҷанд Шаҳло Давлатова, дар хусуси он ки як муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии шаҳр аз ӯ 30 ҳазор доллар хоста, ба номусаш дастдарозӣ кардааст, Вазорати корҳои дохилӣ дар як раддия навиштааст, иддаои ин зан “комилан дурӯғ буда, ин зан бе ягон далел ба подполковники милитсия туҳмат задааст”.

“Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан бе ягон далел ба подполковники милитсия Шодизода Д. туҳмат намудааст”,- омадааст дар матни раддия.

Ба иттилои вазорат Шаҳло Давлатоваи 35-сола соли 2016 барои авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 банди ‘в”) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, баъдан тибқи қонуни авф озод карда шудааст.

Инчунин, ба навиштаи манбаъ, номбурда ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон шаҳрванд ва адолати судӣ, ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнок айбдор мешавад.

“Давлатова Ш. дар давоми солҳои 2017-2022 ба соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул гардидааст… аз ҳисоби шаҳрвандон ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ даромад ба даст оварда ба манфиати давлат ва шаҳрвандвандон зарари махсусан калон расонидааст”,- омадааст дар матни раддияи ВКД.

Номбурда аз соли 2017 то соли 2022 ба зиёда аз 8 нафар шаҳрвандон бо фоизҳои муайян қарз дода, бо татбиқи фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон ба маблағи умумии 349 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овардааст, меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати Давлатова Ш. барои соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2 банди ‘б”), вайрон намудани дахлнопазирии манзил (147 қисми 1), муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ (286 қисми 2) ва монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ (345 қисми 2) парванда боз шуда, бо ҳукми суд 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

“Бо назардошти кудаки хурдсол доштанаш иҷрои ҳукми суд айни замон ба таъхир афтод”,- омадааст дар матни раддия.

Шаҳло Давлатова

Ба навиштаи ВКД “номбурда ба ҷойи он, ки худро ислоҳ намуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шавад, номи пуршарафи модарро доғдор намуда, бо суханони қабеҳ ва алфози пур аз дашному ҳақорат ба таҳқиру таҳдиди шаҳрвандон машғул аст”.

Ёдовар мешавем, аз рӯи иддаои Шаҳло Давлатова Радиои “Озодӣ” қаблан навишта буд, ки муфаттиш Дилмурод Шодизода бар ивази боздоштани парвандааш дар робита ба муомилоти ғайриқонунии асъор, ки таҳти тафтишот қарор дорад, аз ин зан 30 ҳазор доллар пора талаб карда, ба номусаш “дастдарозӣ” кардааст.

Вале муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ карда, иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва дастдарозиро беасос донистааст.

Нусратулло Муҳаммадзода, сухангӯи ВКД дар робита ба иддаои Шаҳло Давлатова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст,  танҳо пас аз муроҷиати расмии шаҳрванд таҳқиқро оғоз мекунад ва мақомот наметавонад, ки дар асоси овоза ё нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО тафтишотро оғоз кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар асоси моддаи 140-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет” ҳамчун яке аз сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ шуда метавонад.

Skip to toolbar