Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0027.07.2023
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даст доштани кормандони БДА-ро дар як садамаи пурқурбонӣ, ки 21-уми июли соли равон дар ноҳияи А. Ҷомӣ рух дода буд, рад кард.
Дар ин садама ронанда ва панҷ нафари дигар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Пеш аз ин гуфта мешуд, ки ронанда аз кормандони БДА фирор карда, ба садама дучор шудааст.
Ҷӯрабек Менгиқулови 44 сола ва писараш Ҳусейн Менгиқулови 19 сола, ки сокинони ноҳияи Ёвон будаанд, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки “дар рафти таҳқиқ мусофирони мазкур мавриди пурсиш қарор гирифта, онҳо ҳолати таъкиб намудани автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд”.
26-уми июл, муовини додситони вилояти Хатлон Валӣ Ваҳҳобов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “муфатишон баёноти шоҳидон, сабти камераҳои назоратии яке аз мағозаҳоро дастрас кардаанд. Ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, дар асоси далелҳо қарори қонунӣ қабул карда мешавад”.
Вале то ҳол сабабҳои сар задани ҳодиса маълум нест.
Солҳои охир шумораи садамаҳои пурқурбонӣ дар кишвар зиёд шудааст. Рӯзи 2-юми июл дар ноҳияи Файзобод бар асари як садамаи нақлиётии пурқурбонӣ 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар маҷруҳ шуда буданд.
Читайте также
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
1 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
5 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
5 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
6 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
6 дня назад