Бо хуруҷи нави вируси марговари Нипаҳ дар Ҳиндустон чанд кишвари Осиё чораҳои пешгирӣ ва назоратро пурзӯр намуданд.
Аз ҷумла, се кишвари Осиёи Марказӣ назорати тиббиро дар нуқтаҳои убури марз ба таври ҷиддӣ ба роҳ монданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бошад, изҳор дошт, ки дар кишвар манбаи табиии паҳншавии вирус вуҷуд надорад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) вируси Нипаҳро ба даҳгонаи бемориҳои аз ҳама хатарнок, дар баробари COVID-19 ва вируси Зика, дохил кардааст. Мо дар бораи ин вирус маълумоти мухтасар гирд овардем.
Вируси Нипаҳ чист ва нишонаҳои он кадоманд?
Вируси Нипаҳ метавонад ба инсон аз ҳайвонот, масалан аз хукҳо ва кӯршапаракҳо гузарад. Илова бар ин, он аз инсон ба инсон низ тавассути маҳсулоти ғизоии олудашуда интиқол меёбад.
Бо сабаби хатари эҳтимолии эпидемия, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) вируси Нипаҳро ба даҳгонаи бемориҳои аз ҳама хатарнок, дар баробари COVID-19 ва вируси Зика, дохил кардааст.
Давраи инкубатсионии вируси Нипаҳ аз 4 то 14 рӯзро ташкил медиҳад.
Нишонаҳо метавонанд гуногун зоҳир шаванд ва дар баъзе ҳолатҳо беморӣ тамоман бенишона мегузарад.
Аломатҳои аввалини беморӣ одатан табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, қайкунӣ ва дарди гулӯ мебошанд. Дар баъзе беморон хоболудӣ, ихтилоли ҳуш ва илтиҳоби шуш (пневмония) мушоҳида мешавад.
Дар ҳолатҳои вазнин мумкин аст энсефалит — бемории барои ҳаёт хатарнок, ки бо илтиҳоби мағзи сар алоқаманд аст, инкишоф ёбад.
То имрӯз барои муолиҷа ё пешгирии вируси Нипаҳ дору ё ваксинаи тасдиқшуда вуҷуд надорад.
Вируси Нипаҳ қаблан дар куҷо паҳн шуда буд?
Аввалин хуруҷи сабтшудаи вируси Нипаҳ соли 1998 дар фермаҳои хукпарварии Малайзия рух дод ва баъдан ба Сингапури ҳамсоя паҳн гардид. Номи вирус аз номи деҳае гирифта шудааст, ки дар он бори аввал ошкор шуд.
Дар натиҷаи хуруҷи аввал беш аз 100 нафар ҷон бохтанд ва барои маҳдуд кардани паҳншавии вирус тақрибан як миллион хук нобуд карда шуд. Ин вирус ҳамчунин ба соҳаи чорводорӣ ва фермерон зарари ҷиддии иқтисодӣ расонд.
Дар солҳои охир бештар аз ҳама Бангладеш аз вирус осеб дидааст. Аз соли 2001 инҷониб ин беморӣ дар он кишвар ҷони зиёда аз 100 нафарро гирифтааст.
Дар Ҳиндустон хуруҷҳои беморӣ солҳои 2001 ва 2007 дар иёлати Банголаи Ғарбӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар солҳои охир маркази асосии паҳншавии вируси Нипаҳ иёлати Кералаи Ҳиндустон гардидааст. Соли 2018 дар он ҷо 19 ҳолати беморӣ сабт шуд, ки 17-тои онҳо бо марг анҷом ёфтанд. Соли 2023 бошад, аз шаш бемори сабтшуда ду нафар фавтиданд.
Ҳоло вазъ чӣ гуна аст?
То ҳафтаи гузашта дар Банголаи Ғарбӣ ҳадди ақал панҷ ҳолати тасдиқшудаи сироят ба вируси Нипаҳ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи онҳо бо як беморхонаи хусусӣ дар шаҳри Баросат алоқаманд мебошанд.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба вазорати тандурустии иёлат, ду ҳамшира дар бахши эҳё қарор доранд ва ҳолати яке аз онҳо «ниҳоят вазнин» арзёбӣ мешавад.
Рӯзи якшанбе Таиланд санҷиши мусофиронро дар се фурудгоҳи байналмилалии Бангкок ва Пхукет, ки парвозҳоро аз Банголаи Ғарбӣ қабул мекунанд, оғоз кард. Аз мусофирон хоҳиш карда шуд, ки варақаҳои вазъи саломатиро пур кунанд.
Идораи боғҳои миллӣ ва ҳифзи табиати ваҳшии Таиланд дар минтақаҳои сайёҳии маъмул чораҳои назоратиро шадидтар намуд.
Намояндаи департаменти назорати бемориҳо Ҷурай Вонгсвасди ба Би-би-си гуфтааст, ки мақомот «умуман мутмаинанд», ки метавонанд аз хуруҷи беморӣ дар Таиланд ҷилавгирӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустии Тайван пешниҳод карданд, ки вируси Нипаҳ ба рӯйхати «бемориҳои категорияи панҷум» ворид карда шавад.
Мувофиқи низоми амалкунанда дар ҷазира, ба бемориҳои категорияи панҷум сироятҳои нав ё нодир дохил мешаванд, ки барои саломатии ҷамъиятӣ хатари ҷиддӣ доранд ва чораҳои махсуси назоратро талаб мекунанд.
Непал на танҳо мусофирони ба фурудгоҳи Катманду воридшаванда, балки шахсонеро ҳам месанҷад, ки тавассути гузаргоҳҳои заминии марзӣ аз Ҳиндустон ба кишвар ворид мешаванд.
Се кишвари Осиёи Марказӣ назоратро пурзӯр мекунанд, Тоҷикистон чӣ?
Мақомоти Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон низ назорати тиббиро дар нуқтаҳои убури марз пурзӯр кардаанд.
Оҷонсии иттилоотии 24.kg бо истинод ба Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Мақомоти Узбекистон низ аз набудани ҳолатҳои беморӣ хабар дода, зикр карданд, ки назорат дар марзҳо пурзӯр шудааст ва «эҳтимоли ворид шудани ин беморӣ ба кишвар хеле паст аст».
Қаблан Вазорати тандурустии Қазоқистон эълон карда буд, ки назорати санитарӣ ва карантинӣ дар марз «бо таваҷҷуҳи махсус ба шаҳрвандоне, ки аз Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ меоянд», шадидтар шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар кишвар манбаи табиии паҳншавии вирус вуҷуд надорад. Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки вируси Нипаҳ аз баъзе намудҳои кӯршапаракҳои тропикӣ сар мезанад, ки онҳо дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ намекунанд.
