Даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд

Вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи даъват хабар дод

Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш пурра иҷро шудааст. Хадамоти матбуоти раиси вилоят бо нашри чанд акс дар саҳифаи Фейсбук дар ин бора хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар муҳлати муқарраргардида иҷро шудааст. Ба ин корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боис шуд, омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ҳукумат ва сохторҳои низомии мамлакат барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам овардааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз, 31-уми май расонаҳо дар бораи аз 9,6 то 11,6 солӣ ҳукми зиндон гирифтани як подполковник ва 7 афсар хабар доданд. Онҳо охири моҳи апрел баъди нашри навори латукӯби наваскарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуда буданд.

Бадрафторӣ нисбати сарбозон дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз сабабҳои асосии фирори ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дониста мешавад. Мақомот барои ба хизмат сафарбар кардан аз роҳҳои дигар, ба истилоҳ “облава” истифода мебаранд, ки ғайриқонунӣ дониста мешавад.

Давоми ду моҳи даъвати баҳорӣ даҳҳо ҳолати “облава” расонаӣ шуд. Мақомот ба навори охир, ки дар он хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ аз “облава” мегурехтанд, вокуниш карданд.

Ба гуфтаи онҳо Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб барои ҷалби хатмкунандагон ба донишгоҳ омадаанд, вале аз сабаби тарзи нодурусти ташвиқот донишҷӯён бетартибӣ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот бо боварӣ эълон медоранд, ки садҳо хатмкунандагоне, ки пеш аз муҳлат донишгоҳро хатм карда, дар ин мавсим ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, ихтиёрӣ буданд.

Даъвати ҳарбии баҳорӣ аз 1-уми март бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва расман бояд то 31-уми май идома меёфт. Баъди ВМКБ ва шаҳри Душанбе, вилояти Суғд сеюм шуда нақшаи даъватро иҷро кард. Бори охир Вазорати мудофиа аз иҷрои 76 фоизи нақшаи даъват хабар дода буд.

Вале ҳанӯз аз анҷоми пурраи даъвати баҳорӣ расман хабаре нест.

Skip to toolbar