Вазорати тандурустӣ вазъи зарардидагони таркиши балони газро назорат мекунад

Вазорати тандурустӣ зарардидагони таркиши балони газро дар ноҳияи Панҷ таҳти назорат гирифтааст

Барои табобати осебдидагони таркиши балони газ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон гурӯҳи мутахассисони варзида ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурусӣ ба ин ноҳия рафтаанд. 28 зарардидаи ин ҳодиса дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ қарор дошта, 8 нафари онҳо дар шуъбаи наҷот бо ҳолати вазнин бистарӣ аст.

“Бо дастури роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии мамлакат гурӯҳи мутахассисони варзида ва сармутахассисони соҳавии вазорат барои табобати зарардидагони ин ҳодиса ба ноҳияи Панҷ рафт”,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муассисаи тиббӣ пурра бо маводи доруворӣ, банду баст, безараргардонӣ ва хуну ҷузъҳои он таъмин ва барои ташхису табобати зарардидагон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Вазъи саломатии зарардидагони ин ҳодиса таҳти назорати қатъии табибон, махсусан роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад, менависад манбаъ.

Акс аз Радиои “Озодӣ”

Ёдовар мешавем, ки 20 май дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон балони газ таркида, дар натиҷа 28 нафар захмӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби таркишро “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ” номид.

Skip to toolbar