Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:4410.01.2023
Бо фармони Вазири маориф ва илми Тоҷикистон таътили зимистонаи мактаббачагон то 16 – уми январ тамдид шуд. Сабаби он сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии хонандагон шарҳ дода мешавад.
Қаблан, аз вазорати маориф гуфта буданд, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, аз 1 то 10 – уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи зимистона мераванд.
Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми кишвар имрӯз, 10-уми январ, ба "Азия-Плюс" иттилоъ додааст, ки бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2023 дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии кишвар новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд.
“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши вазири маориф сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки тибқи пешгӯии мутахассисони ҳавосанҷии кишвар, шурӯъ аз имрӯз, 10 – уми январ, дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона то 2 -7 ва шабона баъзан то 12 -17 дараҷа хунук мешавад. Дар ин рӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ борон ва барфи тар меборад.
Ин гуна ҳавои сард, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро фаро мегирад ва дар робита ба ин, баъзе аз ҳамсоякишварҳо таътили зимистонаи мактаббачагонро тамдид намуданд.
Аз ҷумла, чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Дар ин кишвар дарсҳо аз 18-уми январ оғоз мегардад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
9 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад