школьная ярмарка Таджикистан

Вазорати маориф мегӯяд, хариду фурӯши либос дар дохили мактабҳо манъ аст

Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, дар дохили муассисаҳои таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст.

Вокуниши ин ниҳод пас аз дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шудани хабарҳо “доир ба фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ ва паст будани сифати онҳо” нашр шуд.

Дар вокуниш, ки маркази матбуотии ин ниҳод нашр кардааст, гуфта мешавад, ки тибқи як супориши сарвазири кишвар аз соли 2020 масъулияти ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти зарурии мактабӣ ба дӯши Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, ҳукуматҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аст.

Инчунин назорати сифати онҳо ба зиммаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо гузошта шудааст.

“Тибқи санади мазкур ярмаркаҳо берун аз муассисаҳои таълимӣ, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот бояд баргузор шаванд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии хонандагон ба лавозимоти хониш мебошад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Вазорати маориф ва илми кишвар “дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад ва танҳо тибқи дастурамалҳои зикршуда либосҳои тавсиявиро барои хонандагону омӯзгорон пешниҳод менамояд”.

Ин ниҳод зикр менамояд, ки роҳбарияти онҳо дар мулоқоту суханрониҳо, инчунин, тавассути мактубҳои инфиродӣ ба унвонии раёсату шуъбаҳои маориф пайваста эълон менамояд, ки дар “дохили муассисаи таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст”.

Вазорати маориф мегӯяд дар сурати пайдо гардидани шикоятҳо вобаста ба сифати либосҳои мактабӣ ва фурӯши иҷбории он, метавонанд ба масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва ҳукуматҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки “бо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва фароҳам овардани муҳити ягона дар муассисаҳои таълимӣ” дар Тоҷикистон “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” барои хонандагону омӯзгорон таҳия шуда, он ба ҳамаи мактабҳо ирсол шудааст. Ҳамзамон ба дастурамал солҳои 2007, 2009 ва 2018 тағйиру илова ворид карда шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар ин дастурамал “хусусияти тавсиявӣ доранд ва истифодаи онҳо барои таъмини ягонагии зоҳирии хонандагону омӯзгорон мусоидат менамоянд”.

Skip to toolbar