fbpx

Вазорати маориф: Имсол беш аз 2 ҳазор донишҷӯй ихтиёрӣ ба артиш рафтанд

Мо мухтасар аз тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар

Раҳимзода гуфт, таҳқиқи ҳамла ба хабарнигорон зери назорати ӯст

Вазири корҳои дохилӣ гуфт, таҳқиқи қазияи ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар Душанбе зери назорати ӯ қарор дорад.

Ду моҳ пеш шахсони номаълум ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” дар Душанбе ҳамла карда, телефон ва камераи онҳоро гирифтанд. Мақомот то ҳол ҳамлаваронро боздошт накардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ҷаласаҳо барои таҳқиқи қазия ба сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе супориш додааст. “Зери назорати ман аст,” — гуфт Раҳимзода.

Вазир дар посух ба суоли онки чаро то ҳол ҳамлаварон ба хабарнигорон ошкор нашудаанд, посухи мушаххас надод. Танҳо гуфт, “ҷиноятҳое аст, ки ошкор намешавад.”

“Ихтиёрӣ рафтанд”. Беш аз 2 ҳазор донишҷӯй ба артиш рафтаанд

Дар даъвати имсолаи баҳорӣ 2 ҳазору 333 хатмкунандаи макотиби олии кишвар ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 19 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, бештари онҳое, ки ба сафи артиш пайвастанд, хатмкунандагони риштаи ҳуқуқ мебошанд.

Саидзода афзуд, ки тасмими пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм ва пайвастан ба артиш аз ҷониби худи хатмкунандагон сурат гирифтааст.

“Тибқи қонуни нав онҳое, ки мехоҳанд, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд, бояд хизмат намоянд. Вазифаи муқаддаси ҳар як шахс аст ва ҳар як кас бояд хизмат кунад. Замоне ки ман донишҷӯ будам, баъди курси якум рафтам, ду сол хизмат кардам. Ин мактаби мардонагӣ аст ва ҳар як мард ин чизро бояд гузарад”, – афзуд вазири маориф.

Тоҷикистон ва Русия ҳаракати қатораҳои мусофирбарро аз нав ба роҳ мемонанд

Тоҷикистон ва Русия ҳаракати қатораҳои мусофирбарро аз нав ба роҳ мемонанд. Қатораҳо шурӯъ аз 30 август ҳар ҳафта аз Душанбе ва Хуҷанд ба самти Волгоград ҳаракат мекунанд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ доданд, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар пас аз танаффуси дусола роҳандозӣ мешавад. «Ин тасмим дар чаҳорчӯби сафари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба Русия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Роҳи оҳани Русия гирифта шудааст», — гуфтанд дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Дар бораи нарх ва шароити сафар то ҳол маълумоте дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия 17 марти соли 2020 ба далели паҳншавии сирояти коронавирус муваққатан қатъ гардида буд.

То ҷашни 35-умин солгарди истиқлолият дар Тоҷикистон 568 иншоот сохта мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки ба 9 сентябри соли 2026 рост меояд, тасдиқ намуд.

Гуфта мешавад, хароҷот ба ҷашн аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ гардидаанд, таъмин карда мешавад.

То ҷашни 35-солагии истиқлолият дар саросари кишвар сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 568 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла дар қаламрави Ноҳияҳои тобеи марказ сохтмони 145 иншоот, шаҳри Душанбе – 136, вилояти Суғд – 129, вилояти Хатлон – 116 ва ВМКБ – 42 бинову иншоот дар назар аст.

Мактабҳои русиро рӯзи 1 сентябр ба истифода медиҳанд

1 сентябри соли равон, дар Рӯзи дониш дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудаанд, ба истифода дода мешаванд, гуфт вазири маорифи кишвар Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ.

Мактабҳои ба истифода дода мешуда таълимашон ба забони русӣ ва ҳар кадом бо 1200 ҷойи нишаст мебошанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта шудааанд. Онҳо тибқи шартнома то 1 август  барои қабули хонандагон бояд пурра омода шаванд.

«Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои чортои ин муассисаҳо директорон интихоб гардида, барои такмили ихтисос ба Федератсияи Русия фиристода шуданд»,- гуфт Раҳим Саидзода.

Ба зикри Вазири маориф ва илм, қабули ҳуҷҷатҳо барои синфҳои 1-8 дар ин муассисаҳо аз 1 август шурӯъ гардида, дарсҳо якуми сентябр оғоз мегарданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend