Парчами тоҷикистон ва қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват кард, то шаҳрвандон аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд

Таъини мудирони муваққатӣ дар “Агроинвестбонк”ва “Тоҷиксодиротбонк”

Бонки миллии Тоҷикистон дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки барҳам мехӯранд, мудирони муваққатӣ таъин кард. “Акнун “Агроинвестбонк”-ро Даврон Тухтаров ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро Ҷамшед Абдураҳимов идора мекунанд.

Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус, масъул мебошанд”- омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудирон дар сомонаи Бонки Миллӣ ҷойгир буда, дар сурати пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд.

Раёсати Бонки Миллӣ иҷозатномаҳои ин бонкҳоро бо як қароре рӯзи 21 май бозхонд карда, инро бо шикоятҳои зиёди муштариён асоснок кард. Ҳамчунин қайд шуда буд, ки бонкҳо бо вуҷуди дастгирии ҳукумат вазъи молиявии худро беҳтар карда натавонистанд ва фаъолияти мӯътадилро ба роҳ намонданд.

Тоҷикистон ва Хитой масъалаи “контейнер”-ро дар Кулма ҳал карданд

Хитой ба қабули контейнерҳои холӣ шурӯъ кард, ки молҳои чиниро ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Қулма мерасонданд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти кишвар.

Вазорат таъкид мекунад, ки интиқоли молҳои чинӣ ба Тоҷикистон тавассути контейнерҳо, соли гузашта бо сабаби маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19, таъсис ёфта буд.

Контейнерҳои холӣ аз ҷониби молтаъминкунандагони тоҷик ба фурӯш гузошта мешуд, ки дар натиҷа аз ҷониби Хитой дубора пазируфта намешуд ва дар дафъаи навбатӣ молҳо дар контейнерҳои нав ворид гардида, мебоист алоҳида пардохт карда шаванд.

Вазорати корҳои хориҷӣ даъват кард, то шаҳрвандон аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд

Вазорати корҳои хориҷии кишвар сокинонро даъват кард, ки аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд.

“Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд”, – омадааст дар ҳушдори вазорат.

Вазорат ба шаҳрвандон гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Қирғизистон, онҳо метавонанд ба Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек муроҷиат кунанд.

Рустами Эмомалӣ дастур дод, то истироҳатгоҳҳоро барои кӯдакон омода кунанд

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қароре имзо кард, ки тибқи он раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони ширкатҳои дахлдори шаҳрӣ масъул гардиданд, ки то охири моҳи май барои истироҳати мактаббачагон истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳриро омода намоянд.

Лагерҳои “Зимчуруд”, “Гулхан”, “Шарора” ва “Орзу”, ки дар тавозуни шӯъбаи маорифи шаҳри Душанбе мебошанд, дар тобистон, дар ду баст, тақрибан 2 ҳазор хонандаи аълохон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахтро қабул мекунанд.

Инчунин боз 4 ҳазор кӯдакон метавонанд дар 40 лагере, ки аз ҷумла дар мактабҳо ташкил карда мешаванд, истироҳат кунанд, хабар доданд аз шаҳрдорӣ. Таътили тобистона барои хонандагони синфҳои аввал аз 7-уми июн оғоз гардида, боқимонда то 14-уми иню дарс мехонанд.

Дар пайи норозигии мусофирон Душанбе ба чанд парвози “Северний ветер” иҷозат дод

Дафтари матбуоти Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 27-уми май хабар додааст, ки шаби гузашта ба шаҳрҳои Иркутск ва Қазон парвозҳо анҷом шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, парвоз ба шаҳри Санкт-Петербург имрӯз сурат мегирад.

Ин парвозҳо дар пайи як норозигии мусофирон амалӣ шуданд. Рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми май даҳҳо мусофири дармондаи ширкати “Северний ветер” дар Фурудгоҳи Душанбе ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.

Ба гуфтаи мусофирон, онҳо як ҳафта аст ки наметавонанд ба Русия парвоз кунанд. Раиси Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ба назди мусофирони норозӣ омада буд, дирӯз ваъда дод, ки масъаларо баррасӣ мекунанд.

Ҳафтаи гузашта Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ иҷозатномаи ширкати “Северний ветер”-ро барои ба гуфтаи мақомот баланд бурдани нархи билет бекор кард. Аммо намояндагони ширкат пештар инро рад карда, гуфтанд, ки чиптаҳоро аз меъёри муқарраршуда гарон нафурӯхтаанд.

Ширкатҳои Тоҷикистон ҳаққи фурӯш дар пойгоҳи онлайнии Amazonро дарёфт карданд

Ширкати амрикоии Amazon ба истеҳсолкунандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза дод, ки маҳсулоти худро дар бузургтарин майдони савдои онлайнӣ ба фурӯш гузоранд.

Рӯйхати кишварҳое, ки дар он Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ зикр шудаанд, дар сомонаи расмии Amazon ҷой дода шудааст. Акнун ин кишварҳо ба фурӯши маҳсулоти худ дар Amazon, ҳуқуқ пайдо намуданд. То ин дам дар Amazon сабти аккаунтҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ имконпазир буд, аммо истеҳсолкунандагони минтақа ба фурӯши маҳсулот дар ин платформа ҳуқуқ надоштанд.

Акнун барои сабт дар ин платформа пешниҳоди нусхаи шиноснома, корти қарзии амалкунанда, суратҳисоби бонкӣ, рақами телефон ва маълумот дар бораи пардохти андоз лозим аст.

Ширкати фаромиллии Amazon дар ҷаҳон бузургтарин платформаи тиҷоратӣ- электронӣ мебошад. Қароргоҳи ширкат дар шаҳри Сиэтл (штати Вашингтон) воқеъ аст.

Skip to toolbar