Вазири тандурустӣ: Омили асосии пирӯзӣ бар коронавирус ҷорӣ накардани карантин буд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Вазири тандурустӣ

Нуриддин Саид назари худро дорад, аммо аз марги бузургон бояд гуфт

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди гуфтаҳои ахири Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки ахирӣ гуфта буд, зарурати нашри хабар ё некролог дар бораи марги чеҳраҳои бузурги илму адабро намебинад.

Вазири фарҳанг гуфт, ки “фикри Нуриддин Саид назари шахсии ӯст, ҳар як одам фикри шахсии худро дорад. Ман ягон мухолифат ба фикри ӯ надорам, аммо фикр мекунам, бояд нашр карда шавад. Чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг арзиши инро доранд”.

Ба гуфтаи Давлатзода, имсол 25 ҷеҳраи шинохтаи илму фарҳанг аз коронавирус гузаштаанд. “Ин барои мо хело талафоти бузург мебошад. Он ҳунармандоне, ки имрӯз дар бари мову шумо нестанд, барояшон биҳишти ҷовидона тамано дорам”, – гуфт ӯ.

Бо зикри номи бархе аз онҳо вазир гуфт, ки аз сӯйи вазорат кумакҳои ночизе ба хонаводаи ин ҳунармандон расонида шудааст.

Шумори гирифторони саратон дар Тоҷикистон бештар аз 17 ҳазор нафар аст

Дар Тоҷикистон 17245 ҳолати гирифторӣ ба саратон ба қайд гирифта шудааст. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ки рӯзи 12 феврал дар Душанбе дар посух ба саволҳои журналистон гуфт, “проблемаи зиёдшавии саратон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дунё мушоҳида мешавад”.

Ба иттилои мақомоти тиб, дар Тоҷикистон афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба саратон мушоҳида мешавад ва соли 2019 ташхис нишон додааст, ки дар Тоҷикистон шумори умумии гирифторони саратон беш аз як ҳазор нафар зиёд шуда, ба 16,300 нафар расидааст. Саратоншиносони тоҷик мегӯянд, баъди бемориҳои марбут ба дил, саратон дар ҷои дуюм меистад. Саратони сина дар миёни занон дар ҷои аввал буда, дар ҷои дуюм саратони узвҳои занона, баъди он саратони меъда дар миёни мардон ва саратони узвҳои мардона қарор доштааст.

Карантин ҷорӣ накардему бурдем

Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии кишвар дар нишасти ниҳодаш карантин ҷорӣ накарданро дар кишвар яке аз сабабҳои ғалаба бар коронавирус донист.

Ҳамчунин ӯ 5 омилҳоеро номбар кард, ки барои ғалаба бар коронавирус ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд.

Якум – назорати сахти эпидемиологӣ

Ҳамин тавр, ба гуфтаи Абдуллозода Тоҷикистон вақте ин беморӣ шуюъ кард, назорати эпидемиологиро тақвият бахшид: манбаъҳои беморӣ муайян мешуданд.

Дувум – эълон накардани карантин

Дувум усуле, ки мо пеш гирифтекм, ин пеш аз ҳама эълон накардани карантин буд, афзуд Абдуллозода. Ба гуфтаи вазир, эълони карантин дар баъзе давлатҳо бар зарари худашон буд.

Севум: гардиши хонагӣ

Мо бошем, усули гардиши ҳаррӯзаи хонагиро пеш гирифтем, афзуд вай.

Ба қавли вазир гардиши хонагӣ – яъне пизишкон ҳар рӯз хона ба хона гашта, беморонро муайян мекарданд ва сипас роҳи муолиҷаи онҳо муайян карда мешуд.

Чорум – усули табобат

“Мо касалҳоро аз рӯи критерия тақсим кардем: миёна, сабук ва вазнин. Агар ба критерияи миёна ё вазнин дохил мешуданд, бистарӣ мекардем, агар не, дар хона карантин мешуданд”, – таъкид кард вай.

Панҷум -ҳисоботи дақиқ

Ҳамин тавр, реҷае ки табибони Тоҷикистон дар давраи пандемӣ кор карданд ва ба гуфтаи вазир, то ҳол кор мекунанд, ин аз соати 7-и субҳ то 18-и бегоҳ гардишҳои хонагӣ буд. Дар натиҷа дар соати 18 ба ситод омори пешниҳод мешуд: чанд нафар ҳарорат доранд, чанд нафар ташхис шуданд ва чанд нафар тасдиқ шуданд.

Баъд аз он аз соати 18 то соати 12-и шаб табибон беморро назорат мекарданд.

“Баъди соати 6 рафта ҳамон беморҳоро назорат мекарданд ва баъди 12-и шаб баромада боз ҳисобот медоданд”, – қайд кард ӯ.

18 пизишки тоҷик аз коронавируси нав ҷон бохтаанд

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба бемории COVID-19 тасдиқ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги даҳҳо табиби тоҷик бо нишонаҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш хабар доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, дар нишасти рӯзи 12-уми феврал бори аввал омори гирифторӣ ба коронавируси навро дар минтақаҳои Тоҷикистон ошкор кард. Вай гуфт, аз ҳама зиёд дар вилояти Суғд сирояти коронавирус сабт шудааст. Омори беморонро дар ин минтақа 4 ҳазор кас баршумурд.

Дар шаҳри Душанбе низ, ба иттилои ӯ, 4 ҳазор нафар ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд. Аз рӯи гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷойи севум, Хатлон дар ҷойи чаҳорум ва аз ҳама охир вилояти Бадахшон будааст.

Ширкатҳои сайёҳӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, сабукиҳоро дубора барқарор кунад

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хоҳони дубора барқарор кардани сабукиҳо дар шароити пандемия шудаанд. Соли гузашта ҳукумат барои чанд моҳ ба бахши сайёҳӣ ва чанд соҳаи дигар сабукиҳои молиётӣ дода буд, ки муҳлаташ ба анҷом расид.

Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ширкатҳои сайёҳӣ аз онҳо хостаанд, сабукиҳо дубора барқарор шаванд. Ба қавли ӯ, таклифу дархости ширкатҳои сайёҳиро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд ва ин масъала дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ин бахш соли гузашта бинобар пандемияи фарогири COVID-19, беш аз 170 миллион доллар зарар дидааст. Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, то паҳншавии коронавирус фоидаи бахши сайёҳӣ ба иқтисоди кишвар солона 230-250 миллион долларро ташкил медод, аммо соли гузашта ин омор то 72,6 миллион доллар кам шуд.

Мақомоти Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфтанд, соли гузашта 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ки назар ба соли қабл 909 ҳазор ё 69 дарсад кам шудааст. Аз ин шумора 350 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Вазири тандурустӣ: Агар бовар надоранд, омада бинанд

Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, эътимоди доштан ё надоштани дигар давлатҳо ба омори расмӣ оиди коронавирус ӯро тамоман ноҳинҷор намекунад, зеро ин фикру назари танҳо ҳамон давлатҳост.

Вазири тоҷик дар ин бора имрӯз зимни посух ба суоли як рӯзноманигор, ки дар мавриди баста боқӣ мондани марзҳо миёни Тоҷикистону Русия пурсид изҳор дошт. Рӯзноманигор суол кард, ки шояд эътимод надоштани Русия ба омори Вазорати тандурустӣ сабаб бошад, ки марзҳо ҳамоно баста ҳастанд.

Вале Абдуллозода ба дурустии омори ниҳоди худ таъкид намуда, гуфт зердастони ӯ новобаста аз он, ки дар кишвар дигар маризи коронавирус намондааст, ҳамоно ҳамарӯза гаштҳои хонагӣ баргузор мекунанд.

“Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст”, – мегӯяд вазири тоҷик.

Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳури шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.