fbpx

Вазири тандурустӣ дубора омадани коронавирус ба Тоҷикистонро рад кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points
Акс аз сомонаи Радио Озодӣ

Президент мақомотро супориш додбарномаи рушди  Фаъолияти волонтёронро таҳия кунанд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурӣ Э. Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат ба сохторҳо ва мақомоти дахлдор супориш дод, ки «Барномаи рушди Фаъолияти волонтёрон барои солҳои 2022-2025»-ро то моҳи ноябри соли равон таҳия ва пешниҳод кунанд.

Сарвари давлат иброз намуд, ки тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад.

Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад, илова кард сарвари давлат.

Вазири тандурустӣ дубора омадани коронавирус ба Тоҷикистонро рад кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд ҳолатҳоигирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Онҳо дар натиҷаи оббозӣ дар обанборҳо ва бар асари обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахир ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд“.

“Ин бемории онҳо ба атрофиён хатар надошта, аз як кас ба каси дигар намегузарад”, иброз дошт вазир. Беморон бо дастури вазир на дар шуъбаҳои сироятӣ, балки дар шуъбаи дармонӣ бистарӣ шудаанд.

Бег Сабур хидматрасонии SMS, ки бояд монополия мешуд, бекор кард

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон “лоиҳаи ирсоли ҳамаи трафики А2Р-ро тариқи платформаи ягона” бекор кард. Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дастури дахлдорро дар ин бора ба операторони алоқаи мобилӣ рӯзи 20 май ба имзо расонидааст.

Ба операторони алоқаи мобилӣ (ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком») дастур дода шудааст, ки ҳамаи шарикони худро аз қабули қарори мазкур ва ирсоли трафики зикршуда мутобиқи шартҳо ва талаботи амалкунанда огоҳ намоянд.

A2P – SMS-низоми огоҳие мебошад, ки корхонаҳои тиҷоратӣ онро барои гуфтугӯ бо мизоҷони имконпазирашон истифода мекунанд. Қобили зикр аст, ки айни замон ирсоли SMS-паёмакҳои ширкат ва ташкилоту корхонаҳо тариқи SMPP-шлюзҳо (банд, дарвоза)-и операторони алоқаи мобилӣ сурат мегирад.

Қаблан Хадамоти алоқа иштироккчиёни бозори алоқаи ҷумҳуриро огоҳ карда буд, ки аз 1 майи соли 2021 барои ирсоли SMS-паёмакҳои дохилии А2Р бояд бо ширкати «IrisTech. LLC» қарордод банданд. Дар амал ин маънои онро дошт, ки маркази ягона ба кор медарояд, ки ҳамаи SMS-паёмакҳои ширкат ва ташкилоту корхонаҳо тариқи он мегузаранд.

Зиёда аз 500 мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб мунтазири иҷозаи парвозанд

Аз сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии ”Сибирь” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармондаанд, хабар доданд аз намояндагии ин ширкат.

Ба гуфтаи муовини директори намояндагии ширкати “Сибирь” Ҷӯрабек Тоҷибеков ширкат аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Владивосток, Новосибирск, Саратов, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

“Нархи билетҳои мо аз арзиши мувофиқашуда бо Агентӣ зиёд нест. Лекин имрӯз, парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо ба самти Кемерово, Волгоград ва Барнаул аз фурудгоҳи Кӯлоб боздошта шуд, гуфт  Тоҷибеков.

Додситонии Тоҷикистон як ҷавонро барои тарҳрезии ҳамла дар Русия гунаҳкор донист

Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ба зиндон маҳкум шудани як ҷавоне хабар дод, ки ба кумаки молӣ барои тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар Русия гунаҳкор дониста шудааст.

Додситонӣ рӯзи 20-уми май дар вебсайти расмиаш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Сино дар Душанбе Бахтиёр Исмоиловро рӯзи 6-уми май бо гуноҳи терроризм ва ташкили созмонҳои ҷиноӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки Бахтиёр Исмоилов бо номҳои мустаор, аз ҷумла «islomiddin ibragimovich» дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа боз карда ва дар муддати 6 соли гузашта, ба номи аъзои зоҳиран ДОИШ бештар аз 300 ҳазор рубли русӣ интиқол додааст, ки бояд барои анҷом додани амалҳои террористӣ дар Русия харҷ мешудаанд.

Додситонӣ гуфтааст, барои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ба Бахтиёр Исмоилов чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ва аз ҷумла шахсе бо номи Идихони Рустам тавсия медодаанд.

4 сарбозу як милисаро бо пулемёт паронд: боздошти сокини Варзоб барои ҷинояти 26 сол пеш

Кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки 26 сол пеш дар қатли чор сарбозу як пулис даст доштааст. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздоштшуда сокини деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб мебошад.

Ин ниҳод ному насаб ва маълумоти бештар дар мавриди боздоштшударо нашр накардааст. Манбаъ танҳо синну соли нафари муттаҳам дар қатли 5 нафарро овардааст, ки 50 сол доштааст.

Гуфта мешавад, номбурда санаи 13 майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчии ҳарбӣ, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расондааст.

Ҳамчунин аз тири ин мард, як корманди ШВКД дар ноҳияи Нуробод низ кушта шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend