fbpx

Вазири нақлиёт: “Барои сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух омодаем ва иҷозати комиссияи аломатгузориро интизорем”

Пештар раиси КДАМ- и Қирғизистон гуфта буд, ки ин роҳро Қирғизистон месозад.


0
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки барои сохтани роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух омодаанд, танҳо иҷозати комиссияи аломатгузории марзро интизоранд. Соли гузашта ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба қароре омада буданд, ки ин роҳро дар якҷоягӣ месозанд, аммо то имрӯз сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух оғоз нашудааст.

Вазир гуфт, ки пас аз имзои протокол муовинаш ба марз рафта бо намояндагони мақомоти Қирғизистон низ суҳбат карда буданд. Аммо “баъдан бо сабабҳои вобаста ба ҳамин протокол ҳаст, ба таъхир гузошта шуд.”

“Мо омода ҳастем, ҳар вақте аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ ишора шавад, мо гузарондани корҳои топографӣ ва аксбардорӣ ва ҳам сохтмони роҳро оғоз кунем,”- гуфт, вазири нақлиёти Тоҷикистон, имрӯз 17 – уми феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш.

Дар мулоқоти рӯзҳои 1 ва 2-юми майи соли гузашта дар вилояти Ботканд ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба қароре омаданд, ки “то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло – Ворух”-ро  якҷоя месозанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод.

Тоҷикистон дар изҳороти расмииаш гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 2 шаҳрванд ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд, ки 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигар сокинони мулкӣ.

Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend