Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим танбашавии роҳҳоро яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи нақлиёт номид. Дар ҷаласаи вазорат, ки рӯзи 17 октябр баргузор шуд, ӯ аз вазъи мавҷуда изҳори нигаронӣ намуд.
Ба таъкиди вазир, танбашавии роҳҳо на танҳо ронандагону мусофиронро асабонӣ мекунад, балки сабаби садамаҳо ва монеаи кори хадамоти таъҷилӣ низ мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосии ин мушкил афзоиши босуръати аҳолӣ ва шумораи мошинҳо дар кишвар мебошад.
Ба ҳамин андеша муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Салимзода низ ишора кардааст. Ӯ дар мақолае, ки дар нашрияи «Паёми Душанбе» чоп шудааст, гуфтааст, ки дар се соли охир шумораи мошинҳои шахсӣ дар пойтахт тақрибан 66 дарсад афзуда, ҳоло ба 145 ҳазор адад расидааст.
Ба иттилои ӯ, ҳар рӯз беш аз 44 ҳазор мошин аз дигар ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар ба Душанбе ворид мешавад, ки ин боз ҳам роҳҳоро пурбор мекунад. Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе тақрибан 12 ҳазор таксӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар шароити маҳдуд будани шабакаи кӯчаву роҳҳо ҳаракатро мушкил месозад.
Муовини шаҳрдор илова кардааст, ки сохтмони пулҳои нав, роҳҳои бисёрхата ва ҷудокунии хатсайрҳои махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, метавонад ба беҳтар шудани вазъ мусоидат кунад, чунон ки ин таҷриба дар бисёр шаҳрҳои хориҷӣ амал мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, то 1 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 701 ҳазору 231 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 64 ҳазору 938 адад ё 10,8% зиёд мебошад.
Аз шумори умумӣ, 53 967 — мошинҳои боркаш, 16 520 — мусофирбар, 606 296 — сабукрав, 6 007 — нақлиёти махсус ва 18 441 — мотосикл мебошанд.









