Истифодаи телефон ва планшет дар мактабҳо иҷозат дода намешавад, зеро барои таъмин бо китоби зарурӣ дар мактабҳои кишвар маблағи кофӣ пайдо кардаанд, гуфтааст вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни мусоҳиба бо газетаи “Омӯзгор”.
Дар нишасти матбуотии вазорат, моҳи августи соли гузашта вазир гуфта буд, баъди қабули як лоиҳа, ки ниҳоди зери тобеъаш омода мекунад, истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза дода мешавад.
“Дар чорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид мешавад. Мутобиқи тағйирот ба қонун, хонандагон метавонанд ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд”, – гуфта буд Раҳим Саидзода.
Бо гузашти шаш моҳ, акнун вазир дар мусоҳиба бо “Омӯзгор” гуфтааст, “истифодаи планшету телефони мобилӣ бо ҳадафҳои таълимӣ буд, на бештар аз ин”.
“…бо фароҳам омадани имконоти мусоид ва дарёфти сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ Вазорати маориф ва илм тавонист бо чопи муназзами китобҳо муассисаҳои таълимиро қариб пурра бо китоби дарсӣ таъмин намояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур вобаста ба истифодаи телефону планшетҳои таълимӣ дар раванди дарс татбиқ намегардад”, – шарҳ додааст Раҳим Саидзода.
Назари ҷомеа оид ба иҷозаи истифодаи телефону планшет дар мактаб, гуногун буд. Ба ақидаи гурӯҳе бо иҷозаи истифодаи телефону планшет хонандагон аз дарс дур мешаванд ва кори омӯзгорон боз ҳам душвортар мегардад. Вале гурҳи дигар ин иқдомро ҷонибдорӣ карданд.
Бо фармони вазири маориф ва илм аз соли 2007 овардани телефони мобилӣ ба мактаб ва истифодаи он дар дохили мактабҳо барои хонандагон манъ карда шуд.
Баъдан моҳи марти соли 2009 тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф” истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан мамнӯъ эълон шуд.