Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Вазири маориф: Донишҷӯёни тоҷикро аз Қирғизистон бе мамониат ба донишгоҳҳои худамон интиқол мекунем
Дата публикации: 14:4716.07.2021
Вазири маорифи Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода гуфт, ҳар донишҷӯйи тоҷике, ки намехоҳад таҳсилро дар Қирғизистон идома диҳад, бе ягон мамониат ба кишвар оварда мешавад.
Ин нуқтаро вазири маориф зимни нишасти матбуотии ниҳодаш рӯзи 16-уми июл иброз дошт. Ӯ гуфт, барои интиқол бояд донишҷӯён ба вазорат оиди интиқол муроҷиат намоянд.
Пас аз муноқишаҳои марзии охири моҳи апрел миёни Тоҷикистону Қирғизистон, донишҷӯёни тоҷик гуфтанд, ки дар ин кишвар мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд. Ҳачунин ҳангоми убури марз сарҳадбонони қирғиз аз онҳо маблағ талаб кардаанд. Вобаста ба ин вазъ бархе донишҷӯён гуфтанд, ки дигар намехоҳанд таҳсилро дар ин кишвар идома диҳанд.
Вазири маориф зимни нишаст бо боварии комил гуфт, ки ягон донишҷӯйи тоҷикро дар нимароҳ намегузоранд.
“То имрӯз ба мо муроҷиатҳои зиёд омада истодаанд ва мавриди баррасӣ қарор доранд. Донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекарданд аз рӯи ихтисос ва гуруҳбандӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол мешаванд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ягон донишҷӯ дар нимароҳ намемонад ва таҳсилро дар ватан идома медиҳад”, - гуфт, вазири маориф.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ду шакл таҳсил мекунанд: квота ва мутақилона. Танҳо донишҷӯёни мустақилона ба донишгоҳҳои Қирғизистон дохил шуда, зиёда аз 2000 нафар мебошанд.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки донишҷӯёне ки наметавонанд барои гирифтани ҳуҷҷатҳояшон аз донишгоҳҳо ба Қирғизистон сафар кунанд, вазорат ба воситаи сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳуҷҷатҳои онҳоро дастрас мекунад.
Чанде пеш ба сомонаи Your.tj як донишҷӯи тоҷик, Нуриддин Садриддинзода, ки дар Донишгоҳи тиббии Ош таҳсил мекард, оиди вазъияти донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон пас аз муноқишаҳои марзӣ нақл карда буд.
Тибқи гуфтаҳои ӯ, як гурӯҳ ҷавонони қирғиз ҷамъ омада дар кӯчаҳо донишҷӯёни тоҷикро лату кӯб мекарданд, ҳангоми убури марз бошад, онҳоро маҷбур мекардаанд, ки тамоми маблағҳои дар ҷайбашон доштаро бароварда диҳанд. Аз ҷумла Нуриддин низ бо ин амали сарҳадбонони қирғиз дучор омада буд
Нуриддин Садриддинзода бо муроҷиат ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки ӯ дигар дар фикри хондан дар ин кишвар нест ва то амнияташ таъмин нашавад ба Ош барнамегардад.
Малика Сафарзода
Читайте также
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
20 часов назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
2 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
6 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
6 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
7 дня назад