logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Вазири корҳои хориҷӣ: “Тоҷикистон мавқеъашро нисбати “Толибон” иваз накардааст"

Ӯ гуфт, ки новобаста аз ин Тоҷикистон тариқи созмонҳои байналмиллалӣ ба мардуми Афғонистон кӯмакҳои башардустона мерасонад.

Your tj

14:2902.02.2022

Вазири корҳои хориҷӣ: “Тоҷикистон мавқеъашро нисбати “Толибон” иваз накардааст"

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мавқеъи Тоҷикистон нисбати ҳукумати Толибон бетағйир боқӣ мемонад.

Вазир гуфт, ки Толибон бояд ташкили як ҳукумати воқеӣ ва фарогирро дар амал татбиқ кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот кунанд, ки озодӣ ва ҳуқуқи инсонро риоя мекунанд.

“Бояд қайд кунам, ки мавқеъи Тоҷикистон нисбати ҳукумати Толибон то ҳол тағйир наёфтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз ба ҳукумати Толибон барои ташкили  ҳукумати фарогирро ҳушдор медиҳанд. Интизор дорем, ки Толибон омодагии худро барои гуфтушунид бо тамоми роҳбарони сиёсӣ дар амал нишон медиҳанд”, - гуфт  Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамчунин вазир гуфт, ки Тоҷикистон то ҳол кӯмакҳояшро ба мардуми Афғонистон мерасонад. Аз ҷумла, ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки тавассути ташкилотҳои байналмиллалӣ ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонад.

Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон ба шимол ва пойтахти ин кишвар  бе танаффус қувваи барқ интиқол медиҳад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

2 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

2 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

3 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

5 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ