Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кушторҳо дар Конибодомро шарҳ дод

Рамазон Раҳимзода 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳар як ҳолатҳо аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Гурӯҳҳои тафтишотӣ-оперативӣ якҷоя фаъолият карда истодаанд. Чанде аз ҷинояткорон дастгир шудаанд ва чанде дар кофтукоб қарор доранд”, – гуфт Раҳимзода.

Ӯ қайд кард, ки корҳо барои кушодашавии ин ҷиноятҳо идома дорад.

Қариб ду моҳ пеш, 21 декабри соли 2024 Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз дастгир шудани 4 нафар бо гумони даст доштан дар кушторҳои пайдарпай дар Конибодом хабар дод.

Ин ниҳод гуфт, ҷиноят “кушода шуд” ва бар зидди боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом ҳастанд.

Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои атрофи он дар охири моҳи март оғоз ёфт. Дар давоми 8 моҳ, тибқи иттилои расонаҳо, ҳадди аққал аъзоёни ҳафт оила, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.

Хроникаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро дар ин ҷо хонед

Skip to toolbar