Як шаҳрванди Тоҷикистон аз силоҳи оташфишони сарҳадбонони қирғиз захм бардоштааст.
Ин маълумотро маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон тасдиқ карда, ҷузъиёти даргирии имрӯза дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод, менависад “Азия-Плюс”.
Ба иттилои манбаъ ҳодиса имрӯз, 7 май соати 11:00 рух додааст.
“Шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бо мақсади аз сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна Абдуллоев Рамазон, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт, ба ҳарбиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка мустақар буданд, муроҷиат кунад”- шарҳ додааст манбаъ.
Ин ниҳод афзудааст, ки Абдуллоев Олимҷон “ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст”.
“Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст”,- омадааст дар иттилоъ.
Гуфта мешавад, айни замон Абдуллоев дар беморхона бистарӣ аст.
Мақомоти дахлдори ду кишвар ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Вазъият дар марз таҳти назорат аст, гуфтаанд дар КДАМ.