Лоиқ Раҷабов, варзишгари маъруфи тоҷик дар финали мусобиқаи PFL (Professional fight league) бо рақиби бразилии худ Рауш Манфио барои ба даст овардани камарбанд ва ҷоиза ба маблағи 1 миллион доллар рақобат хоҳад кард.
Ин рақобат имшаб, 28-уми октябр соати 1:30-и шаб бо вақти Душанбе дар Ҳолливуди Амрико оғоз мегардад. Дар бозии финалӣ Лоиқ Раҷабов бо рақиби худ дар рақобати чорумӣ ба майдон меояд, хабар медиҳад сомонаи Professional fight league.
Ин размикори тоҷик, шоми 13-уми август рақиби парагвайии худ Алекс Мартинесро шикаст дода ба даври финалӣ роҳ ёфта буд. Он вақт варзишгари тоҷик бо натиҷаи 30-27, 30-27 ва 29-28 ғолиб омада буд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов соли 2019 низ пас аз якчанд пирӯзиаш ба даври ниҳоии PFL, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, роҳ пайдо карда буд. Вале ӯ дар финал аз варзишгари бразилии дигар Натан Шулт шикаст хӯрда буд.
Лоиқ Раҷабов 31-сол дорад ва қадаш 1 метру 75 сантиметр буда, вазнаш 70 кило аст. Дар рақобатҳо бо тахаллуси “Jaguar Paw” ширкат мекунад. Ӯ то имрӯз 19 рақобат анҷом дода, 15 дафъа дастболо шудааст ва дар се қувваозмоӣ шикаст хӯрдаву якеро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додааст.
Ин варзишгари маъруф соли 2019 ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онро нашрияи “ТурСтат”-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб дод, дохил шудааст.
Лоиқ Раҷабов соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар Душанбе хатм кардааст. Донишгоҳи техникиии Тоҷикистонро бо тахассуси муҳандиси роҳи оҳан хатм кардааст.
Соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар он ҷо ба тамрини касбии муҳорибаҳои омехта шуруъ намуд. Дар онҷо соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи муҳорибаҳои омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва бори дувум аст, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ меёбад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.