Варзишгар – духтур. Чӣ тавр варзишгари ҷавон духтури таваллудхона шуд

Абдуғаффори 32 сола дар баробари варзишгари риштаи таэквандо будан, ҳамчунин дар таваллудхонаи №2-и пойтахт ба ҳайси духтур фаъолият дорад. Дар аввал ӯ фикр мекард, ки дар таваллудхона бояд танҳо занҳо кор кунанд, вале ҳоло барояш муҳим нест, ки дар куҷо кор мекунад, муҳим дар касбаш содиқ асту беморонро табобат мекунад.

Абдуғаффор ба Your.tj дар бораи чӣ тавр дар ду ҷода фаъолият карданаш нақл кард.

Айни ҳол Абдуғаффор дар Таввалудхонаи №2 табиб анестезиолог – реаниматолог шуда кор мекунад. Ба ҷасорату касбияти Абдуғаффор қисми зиёди беморон шак мекунанд, чун дар таввалудхонаи мазкур ӯ анестезиологи аз ҳама ҷавон аст. Вале ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки нодуруст будани ақидаи беморонро нисбати худ исбот кунаду онҳоро дар ҳайрат гузорад.

“Дар байни анестезиологҳои таввалудхона ман аз ҳама ҷавонам, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки бештари беморон дар аввал ба ман бо шубҳа менигаранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ман таҷрибаомӯзам. Ба наздики як занро барои ҷарроҳӣ бояд беҳискунии сутунмӯҳравӣ мекардам.

Вақте занро ба утоқи ҷарроҳӣ дароварданд, маро диду бо қаҳр гуфт, ки “намехоҳам ки маро беҳискунии сутунмӯҳравӣ кунед, духтурон дар Русия карданд, таъсир накарду ту аз куҷо метавонӣ”. Ман хандидаму гуфтам, “ба Шумо кафолат медиҳам, ки ҳамааш хуб мегузарад”. Ҳамин тавр ҳам шуд, ҷарроҳи бо муваффақият гузашт. Ман кӯшиш мекунам дар ин гуна ҳолатҳо дасту по хӯрда нашавам”, – бо табассум нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Варзиш гарави саломатӣ

Абдуғаффор зодаи шаҳри Душанбест. Аз хурдсолӣ орзу мекард, ки табиб мешавад. Вале замони мактабхонӣ ӯ ба бемории фарбеҳшавӣ гирифтор мешавад ва духтурон тавсия медиҳанд, ки ба варзиш машғул шавад.

“Доим медидам, ки бачаҳои ҳамсоя ба толори варзишӣ мераванд. Пас аз тавсияи духтурон қарор додам, ки бо онҳо ба варзиши таэквондо машғул шавам. Волидонам низ зуд розӣ шудан. Дар аввал танҳо барои саломатиам машқ мекардам. Оҳиста-оҳиста хоҳиши дар мусобиқаҳо иштирок кардан пайдо шуд”, – мегӯяд, Абдуғаффор.

Абдуғаффор дар баробари таэквондо боз ба кикбоксинг машғул мешуд. Пас аз машқҳои тӯлониву пай дар пай ӯ бо тавсияи мурабиён дар мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок мекард. Ҳамин буд, ки қаҳрамони мо аз бемории фарбеҳшавӣ наҷот ёфт.

Иштирок дар мусобиқаҳо

Абдуғаффор дар чандин мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ дар бештари мусобиқаҳои хориҷ аз кишвар дар ду намуди варзиш сабқат мекард. Соли 2013 дар мусобиқаи Sibirian Open аз таэквондо ҷойи дуюм ва аз кикбоксинг ҷойи сеюмро ишғол намуд. Соли 2016 ба Абдуғаффор унвони Устоди варзишро медиҳанд.

“Вақте дар мусобиқаҳо дастболо мешавию парчами кишварат баланд бардошта мешавад, худро хушбахтарин инсон ҳис мекунӣ. Фирк мекунам, ҳар нафаре, ки ба худ боварӣ дошта бошад, ҳатман ғолиб меояд. Дар мусобиқаҳо пеш аз ба майдон баромадан, намояндаҳои ҳама кишварҳо омада ба якдигар бо сиёсат ту бо ман баро мегӯянд.

Якеашон ба назди ман омада ту аз куҷо гуфт ман аз Тоҷикистон ҷавоб додам. Ооо ман бо тоҷикон чанд маротиба сабқат доштам, Шумо хеле ҷасуред, ман бо ту намебароям, гуфт. Майдон аз далер аст гуфтам ман”, – ба хотир меорад, Абдуғаффор.

Ӯ мегӯяд, ки дар ҳарду пешаи интихобкардааш агар нотарсу чолок набошад ё беморро аз даст медиҳад ё мусобиқаро мебозад.

“Варзиш ба ман кӯмак кард, то дар духтурӣ низ нотарс бошам

Дар баробари дар мусобиқаҳо иштирок кардан Абдуғаффор боз дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард. Пас аз хатми донишгоҳ дар беморхонаи Шаҳраки тиббӣ бародари шафқат шуда, корро оғоз кард.

“Ҳам таҳсил ва ҳам варзиш бароям каме мушкил буд. Пас аз хатми донишгоҳ тасмим гирифтам, ки дар мусобиқаҳо камтар иштирок кунам ва бештари вақтамро ба касбам бахшам. Кори ман дар шуъбаи эҳё буд ва ҳар лаҳзаву ҳар соат имкони аз даст додани беморе аз эҳтимол дур набуд. Маро лозим буд чусту чолок ва қавиирода бошам. Маҳз варзиш ба ман кӯмак кард, ки дар духтурӣ низ нотарс бошам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Духтури таваллудхона

Сипас ӯро ба беморхонаи маъруф бо номи “Якум советский” аз он ҷо ба Таваллудхонаи №3 ва дар ниҳоят ба Тавалудхони № 2 интиқол медиҳанд. Худи Абдуғаффор дар аввал намехост, ки дар беморхона кор кунад, вале баъдан ба хулосае омад, ки ӯ бояд касбашро ба дараҷаи аъло иҷро намояд.

“Ростӣ дар аввал рӯҳафтодаву ҳайрон шудам, охир фикр мекардам, ки дар таввалудхона бояд танҳо занҳо фаъолият кунанд. Вале вақте гуфтанд, онҷо мутахассис намерасад ман рафтам. Акнун фаҳмидам, ки барои духтур ҳам зану ҳам мард танҳо одам аст”, – мегӯяд ӯ.

Ҳамсари Абдуғаффор ҳам духтур аст ва онҳо ҳамроҳ ду фарзандро тарбият мекунанд. Абдуғаффор дар рӯзҳое ки навбатдор нест ба толори варзишӣ меравад, то ки усулҳои аз худкардаашро дар варзиш фаромӯш накунад.

Шоҳрухи Исмоил, махсус барои Your.tj

Skip to toolbar