Истифодабарандагони “Телеграм” мегӯянд, ба онҳо паёмҳо бо мазмуни тақдими “Телеграм Премиум” меояд ва талаб карда мешавад, ки ба линки фиристода ворид шаванд.
Аз ин рӯ, истифодабарандагони ин мессенҷерро лозим аст, ки чунин паёмҳоро накушоянд ва ба дигарон нафиристанд.
Нафароне, ки чунин паёмҳо мефиристанд метавонанд қаллобон бошанд ва агар шумо линк (ссилка)-и фиристодаи онҳоро кушоед, мумкин аст онҳо ба маълумоти шахсии шумо дастрасӣ пайдо намоянд.
Аз ҷумла, аз чанд нафар талаб кардаанд, ки барои соҳиб шудан ба “Телеграм Премиум” рамзи корти худро ворид намоянд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як огоҳӣ ба шаҳрвандони кишвар аз ҳамлаи рахнагарон (ҳакерҳо) хабар дод.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хост, чунин саҳифаҳоро накушоянд ва онро банданд (заблокировать), ё нест кунанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ бо нашри як баёния хабар дод, ки шаҳрвандон ба чунин эълонҳо бовар накунанд.
“Ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки пайванди (ссилка) мазкур дорои вирус буда, дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон ба он ворид шудан, хакерон вориди махзани маълумотҳои телефони мобилии Шумо гардида, метавонанд бо мақсадҳои ғарзнок истифода намоянд”, – менависад ин ниҳод.
Ёдовар мешавем, ки қаллобон аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз равишҳои гуногун истифода мебаранд. Истифодабандагони шабкаҳои иҷтимоиро зарур аст, ба ҳар гуна эълону хабарҳо бовар накунанд.